Мақомоти қазоқ гуфтанд, аз нобудсозии “Малий Талдикол” муваққатан даст мекашанд

Ҳомиёни гуруҳи кӯлҳои “Малий Талдикол” дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон нахустин пирӯзии худро ҷашн мегиранд.

Муовини шаҳрдори пойтахти Қазоқистон оид ба сохтмон Нурлан Нуркенов дар ҷаласаи шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ ваъда дод, ки “то бартараф шудани нофаҳмиҳо” корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди кулро қатъ мекунанд.

Ҳомиёни зистмуҳитии Нурсултон гуфтанд, дар ҷаласа тавонистанд исбот кунанд, ки “Малий Талдикол” як кули зинда буда, аз он ҳеч гуна бӯйи баде хориҷ намешавад.

Малий Талдикол гуруҳи кӯлҳои хурде мебошад, ки дар ҳудуди пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст. Аз онҳо паранда ва ҳайвонҳои нодиру шомили Китоби сурх об менушанд. Мақомоти шаҳрдории Нурсултон тасмим гирифтаанд, ки дар ҷои кӯлҳо маҷмааи сайёҳӣ созанд.

Экологҳо бар ин назаранд, ки сохтмони маҷмааи сайёҳӣ дар ҷои кӯлҳо хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Қазоқистон аст. Вале мақомоти қазоқ бо вуҷуди эътирозҳо ба кори худ идома медиҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.