Мақомоти қазоқ ваъда доданд, ки нархи маҳсулоти асосии ғизоиро боло намебаранд

Дар Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ ба ин тараф қимати маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба таври назаррас боло рафтааст.

Мақомоти он кишвар ваъдаи боло набурдани қимати маҳсулотро медиҳанд, аммо қазоқистониҳо нигаронанд, ки мавҷи дувуми коронавирус ба камчин ва гарон шудани маҳсулот сабаб мегардад.

Аз оғози сол ба ин тараф дар Қазоқистон қимати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ 4,5 дарсад боло рафтааст.

“Сабаби асосии болоравии қимати маҳсулот ин тағйири талабот ба он аст. Талабот ба маҳсулот ба сабаби ҷоришавии карантини марбут ба вабои коронавирус тағйир кардааст. Албатта карантин ба вазъи ҳамлу нақли маҳсулот таъсир расонд”, – гуфт вазири тиҷорати Қазоқистон Бахит Султонов.

Сокинони Қазоқистон мегӯянд, бештар аз дигар маҳсулот болоравии қимати гӯшт, равған, ҳасибро эҳсос кардаанд.

Сарвазири Қазоқистон ба роҳбарони минтақаҳои кишвараш дастур додааст, ки барои ҳифзи қимати маҳсулот чораандешӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, аз буҷаи давлат барои ин кор 17 миллиард танга ҷудо шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.