Мақомоти қирғиз аз тирпарронии нав дар марз гуфтанд. Тоҷикистон рад кард

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки соати 12:45-и рӯзи якуми май низомиёни тоҷик ба сӯйи манзилҳои зисти сокинон дар ноҳияи Арка Лайлак тир паррондаанд. 

Ҷониби Тоҷикистон ин хабарро дурӯғ хонд. 

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки сокинони деҳоти назди марзиро аз маҳали зисташон берун кардаанд ва касе зиён надидааст. 

Арка Лайлак дар наздикии марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир аст. 

Акбар Юсуфӣ, раиси дастгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабар асос надорад. 

“Ман худам дар ҳамин мавзеъ ҳастам. Ин гапҳо дурӯғ аст ва ягон садои тир шунида ҳам нашудааст. Роҳҳо ҳам боз ҳастанд ва ҳеҷ монеа барои рафтуомад нест.”,–гуфт ӯ.

Ӯ ҳамзамон хабари мақомоти қирғиз дар робита ба баста будани роҳи Ош-Исфана дар қитъаи роҳи Торт-Кочоро низ рад кард. Ба гуфати ӯ, роҳ боз аст ва барои ҳаракат ҳеҷ мушкил дида намешавад. 

Зиманан, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Исфара садои тир шунида мешавад. Ин тирпарронӣ соати 12:55 шуруъ шудааст. Дақиқ нест, ки ин тирпарронӣ аз кадом тараф аст.  

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28-29-уми апрел муноқиша рӯх дод. Низои охир баъд аз он сар зад, ки як гурӯҳи хурди шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хостанд, дар Маркази обтақсимкунии “Головной” дар марзи Чоркӯҳу Кок-Тош дастгоҳҳои наворбардорӣ насб кунанд. Ин марказ обро ба каналҳои обгузари Қирғизистон ва Тоҷикистон тақсим мекунад. 

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 31 нафар ва маҷруҳ шудани 154 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 13 қурбонии муноқишаро дар марз бо Қирғизистон маълум кард. 

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз дошта, то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.