Мақомоти Қирғизистон 70 кӯдакро аз Ироқ ба ватан меоранд

Наздики 70 кӯдак – шаҳрвандони Қирғизистон аз Ироқ ба ватанашон оварда хоҳанд шуд. Дар ин бора Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, гуфтугуҳо барои берун овардани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.

“Ҳайати ҳукуматӣ тасмими сафар ба Ироқро дорад. Созиши баргардонидани шаҳрвандони мо ҳосил шуд. Ҳоло сухан аз 70 кӯдак меравад”, – афзуд вазир.

Гуруҳе аз қирғизистониҳо бо баргузории нишасти хабарие дар таърихи 1-уми август дар шаҳри Бишкек гуфтанд, омадаанд, ки 150 зан ва кӯдакро аз урдугоҳҳои Ироқ ба ватан баргардонанд. Аъзои гуруҳи ташаббускор пешниҳод карданд, ки харҷи баргардонии занону кӯдаконро аз Сурияву Ироқ мепардозанд.

Баъдтар ҳукумати Қирғизистон хабар дод, барои баргардонии шаҳрвандон аз Сурияву Ироқ гуруҳи кории байниидоравӣ ташкил шудааст.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, наздики 800 шаҳрванди ин кишвар ба минтақаҳои ҷангии Сурия рафтаанд. Аз ин шумор бештар аз 200 тан кушта шудааст. Хабар дода мешавад, ки аз маҷмуи қирғизистониҳое, ки ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд, наздики 140 танашон зан ҳастанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.