Мақомоти Қирғизистон ба осебдидагон аз сел ваъдаи кӯмак доданд

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба девони вазирони кишвараш дастур дод, ки барои огоҳӣ додан аз хатари офатҳои табиӣ тамоми талошро анҷом диҳад.

Ҷабборов гуфтааст, дар робита ба афзоиши хатари офатҳои табиӣ ҳамаи кормандони мақомоти марбута ба ҳолати омодагии олӣ гузаронида шаванд. Вай ҳамчунин ба хонаводаи қурбониёни сел ва обхезӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар 10 рӯзи охир дар ҷануби Қирғизистон селу обхезӣ харобиҳои зиёде овард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.