Мақомоти Амрико акси бомбгузори Нешвиллро нашр карданд

Мақомоти Амрико акси мардеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо таркиши қавӣ дар шаҳри Нешвмоо дар иёлати Теннеси кори дасти ӯ будааст. Таркиш рӯзи 26-уми декабр дар рӯзи ҷашни милоди Исои Масеҳ рух дод.

Муфаттишон гуфтанд, ки бомбгузор Энтони Куин Ворнери 63-сола буд, ки ҳангоми таркиш кушта шудааст. Ҳуввияти мардро бо ташхиси ДНК-и ӯ, ки аз боқимондаҳои ҷасадаш гирифтанд, маълум кардаанд. FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ҳамчунин гуфт, ки мошине, ки таркид, ба Куин Ворнер тааллуқ доштааст. Хадамоти мазкур бо нашри акси ин мард дар Твиттер ҳамчунин навиштааст, дар бораи соҳиби мошин маълумот меҷӯяд.

Ба гуфтаи мақомот, таркиши мошин, зоҳиран кори дасти худи Ворнер будааст, вале сабабҳои бомбгузорӣ ҳануз маълум нест. Даниел Корнески маъмури Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико дар посух ба ин суол, ки бомбгузорӣ метавонад, “терроризми дохилӣ” бошад, гуфт, дар ин марҳила шарҳе дар ин замина дода наметавонад. Дар натиҷаи таркиш 3 нафар захм бардоштанд ва чандин бино осеб дид. Вазъи осебдидагон муътадил будааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.