Мақомоти Эрон раҳбари портали Amad News -ро ба дор овехтанд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар Эрон раҳбари портали хабаргузории Amad News, рӯзноманигори мухолиф Рӯҳуллоҳ Зам субҳи 12 декабр эъдом гардидааст. 
  • Ба иттилоъи хабаргузории Mehr News ҳукми қатли рӯзноманигори мухолиф тавассути овехтан иҷро шудааст.  Додгоҳи Инқилоби Исломӣ моҳи июн дар бораи қатли Зам ҳукм содир карда буд, ки баъдтар онро Додгоҳи Олии кишвар тасдиқ кард.
  • Ба гуфтаи мақомоти Эрон, рӯзноманигор тавассути портал ва инчунин канали телеграммии худ маълумоти қалбакӣ паҳн кардааст. Ғайр аз ин Теҳрон иддао дорад, ки Зам дар тазоҳуроти мусаллаҳона дар соли 2017 нақши таъинкунанда дошт ва инчунин бо хадамоти ҷосусии хориҷӣ ҳамкорӣ мекард.
  • Ин ҳам дар ҳоле, баъди рабуда шудан аз ҳудуди Ироқ аз ҷониби хадамоти махсуси Эрон Руҳулло Зам имкони ҳимояи худ дар додгоҳро надошт.
  • Хабарнигорони Бидуни Марз эъдоми  рӯзноманигори эрониро маҳкум кард. “Хабарнигорони Бедуни Марз аз он, ки адлияи Эрон ҳукми худро иҷро кардааст, дар ҳолати шок қарор дорад,” навишт ин созмон дар Twitter.
  • Ин созмон таъкид намуд, ки рӯзи 23 октябр Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Эрон Ҷовид Раҳманро дар бораи эҳтимоли эъдоми рӯзноманигор ҳушдор дода буд.
  • Эъдоми рӯзноманигони эрониро бисёре аз кишварҳои олам, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва як теъдод  созмонҳои байналмилалӣ маҳкум карданд.
  • Бояд гуфт, ки дар Эрон чун дар Чин, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Куриёи Шимолӣ ва чанд кишвари дигар ҳоло ҳам ҳукми қатл ба иҷро расонида мешавад, ки боиси нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар мебошад.

The post Мақомоти Эрон раҳбари портали Amad News -ро ба дор овехтанд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.