Мақомоти Покистон: ду сарбози артиш аз дасти ҷангҷӯён кушта шуданд

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар як ҳамла дар минтақаи қабинашиниши Вазиристони Ҷанубӣ ҷангҷӯён дасти кам ду сарбози покистониро куштанд. Мақомот ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамла рӯзи 10-уми октябр дар минтақаи Мана Мандраи Шавол Теҳсил рух дод. Онҳо гуфтанд, ки чор сарбози дигари покистонӣ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуданд.  То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Вале дар гузашта масъулияти чунин ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни гурӯҳи мамнӯи Таҳрики Толибони Покистон ба ӯҳда мегирифтанд. Вазиристони Ҷанубӣ дар шимолуғарби вилояти Хайбар Пахтунхва ҷойгир аст ва давоми солҳои зиёд паноҳгоҳи ҷангҷӯён будааст. Мақомоти низомии покистонӣ  иддао кардаанд, ки амалиёти онҳо дар амри поккории Вазиристони Ҷанубӣ аз ҷангҷӯёни Толибон ва дигар гурӯҳҳо натиҷа додааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.