Мақомоти Русия таҳияи низоми патенти электрониро идома медиҳанд

 Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, имкон дорад ки дар саротосари ин кишвар патенти кории муҳоҷирон электронӣ шавад. Ба навиштаи ТАСС, барои ҷорӣ кардани  шакли нави патент, заминаҳои ҳуқуқии қоидаи нав таҳия мешаванд. Патенти электронӣ то охири ҳамин  сол дар Маскав ҷорӣ хоҳад шуд ва интизор меравад, ки пардохти пулро барои муҳоҷирон осонтар кунад. Ҳоло андозаи моҳонаи патент дар шаҳри Маскав  барои муҳоҷирон  5341 рубл муқаррар  шудааст.  Аз ин пештар ҳукумати Маскав ҳушдор дод, ки ширкати кордеҳ, ки муҳоҷири бепатентро кор мефармояд, аз 400 ҳазор то  1 миллион рубл ҷарима ва қатъи фаъолият ба муҳлати аз 14 то 90 рӯз таҳдид  мекунад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.