Мақомоти тоҷик истифодаи нодурусти кӯмакҳои башардӯстонаро ошкор кардаанд

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон истифодаи нодурусти садҳо ҳазор сомонӣ кӯмакҳои башардӯстонаро, ки барои муқобила ба бемории CОVID-19 пешбинӣ гардидаанд, ошкор кардааст.  

Музаффар Аҳмадзода, муовини раиси ин ниҳод рӯзи 16-уми феврал ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳаҷми чунин маблағҳои ошкоршуда беш аз 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли ӯ, аз ин маблағ  танҳо 320,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шудааст.    

“Оид ба масъалаи истифодаи маводи доруворӣ 48 ҷиноят нисбати 31 нафар кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  ошкору ба қайд гирифта шудааст”-афзуд, ӯ.  

Ин мақоми тоҷик рӯшан шарҳ надод, ки аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна кӯмакҳои башардӯстона нодуруст истифода шудаанд. 

Тақсими одилонаи миллионҳо доллар кӯмаки созмону кишварҳои хориҷӣ барои мубориза бо коронавирус аз мавзӯҳоест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста назорати ҷиддии онро аз сӯи мақомот талаб мекунанд.  

Қаблан, Палатаи ҳисоби Тоҷикистон низ гуфта буд, ки  оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона барои муқобила ба бемории COVID-19 санҷишҳояшон дар шаҳру навоҳии кишвар камбудҳоеро ошкор намудааст. 

Ба иттилои ин ниҳод, дар пай гузаронидани аудит дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе 85 ҳазор сомонӣ зарари молӣ ошкор гардидааст, ки ба тақсими маводи доруворӣ рост меояд. 

Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли гузашта аз хориҷ ба маблағи бештар аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст. 

Моҳи декбар соли 2020 муовини вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар посухи расмӣ ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, ёриҳо аз васоили тиббӣ, орду равған, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” иборат буданд ва ба иддаои ӯ, “ба қишри ниёзманд ва шифохонаҳо расонда шуданд”. 

Ҳарчанд масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод ва Палатаи ҳисоб мегӯянд, тақсими кӯмакҳо таҳти назорат аст, вале дар ҷомеа ба шаффофият ва риояи адолат ҳангоми тақсими ёриҳои башардӯстона шубҳаҳо вуҷуд дорад. Дар гузашта бархе кормандони тиб гуфта буданд, ки  бо вуҷуди ба кишвар ворид шудани кумакҳо, либоси муҳофизатӣ ва васоили беҳдоштиро бо пули худ мехаранд. Мақомот чунин иддаоро пайваста рад кардаанд. Баъзе аз сокинон низ мегӯянд, бо вуҷуди дармонда будан дар аҳди коронавирус кӯмаки башардӯстона нагирифтанд. 

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байналмилалӣ охири моҳи майи соли сипаришуда Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд. 

Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2020, дар остонаи сафари коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. 

Вазорати тандурустии кишвар мегӯяд, аз он замон то оғози имсол беш аз 13 ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Оморе, ки баъзе сокинону мутахассисон ба дурустии он шубҳа доранд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.