Мақомоти Туркманистон дар талоши соҳиб шудани бозори сабзавоти Русия

Мақомоти Турманистон талош доранд, ки ба Русия маҳсулоти кишоварзӣ ворид кунанд. Дар доираи ин талошҳо дар ноҳияи Қарақуми вилояти Марии Турманистон мақомот бо кишоварзон мулоқот ва онҳоро таблиғ кардаанд, ки парвариши сабзавотро бештар кунанд.

Мақомоти Турманистон ба кишоварзон гуфтаанд, ҳоло фурсат аст, ки маҳсулоташон ба Русия фурӯхта шавад. Ба далели таҳримҳои байналхалқӣ, ки баъди ҳамла ба Украина нисбати Русия ҷорӣ шудааст, дар бозорҳои Русия камчинии маҳсулоти кишоварзӣ мушоҳида мешавад.

Хадамоти федеролии “Росселхознадзор”-и Русия рӯзи 5-уми март маҳдудиятҳо нисбати маҳсулоти кишоварзии Туркманистонро бекор кард. Ин маҳдудиятҳо моҳи марти соли 2021 ҷорӣ шуда буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.