Маҳбусон ба ҷои муҳоҷирони корӣ? Мақомоти рус дар фикри таъмини зиндониҳо бо кор шуданд

Вазири адлияи Русия пешниҳоди ба ҷои муҳоҷирони корӣ ба кор ҷалб кардани зиндониҳоро ҷонибдорӣ кард. Константин Чуйченко, вазири адлияи Русия гуфт, ки аз пешниҳоди раиси Хадамоти федеролии зиндонҳо ҷонибдорӣ мекунад, ки гуфтааст, дар бахе корҳо мешавад  нирӯи муҳоҷирони кориро бо маҳбусон иваз кард. Чуйченко гуфт, ки дар Русия 180 ҳазор зиндонӣ ҳақ доранд, ки мӯҳлати зиндони воқеиро бо корҳои ислоҳӣ иваз кунанд, вале дар ин кишвар кор танҳо барои  8 ҳазор зиндонӣ вуҷуд дорад.

Вазир гуфт, ки барои ҷалби зиндониҳо ба кор бояд тарҳҳои азиме бошанд, ки барои  беш аз як ҳазор нафар нигаронида шудаанд.  Чуйченко дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфт, «мо бо соҳибкорон музокира мебарем, созишнома имзо мекунем, Хадамоти зиндонҳо сари ин масъала фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Нақша дорем, ки дар фурсати наздик шумори муассисаҳои ислоҳӣ зиёд шавад».

Александр Калашников, раҳбари низоми зиндонҳои Русия ҳафтаи гузашта изҳори омодагӣ кард, ки дар бархе муассисаҳое, ки бо иҷрои корҳои калон машғуланду ба нирӯи азими корӣ ниёз доранд, қароргоҳҳо барои маҳбусони коргар ташкил шаванд. Ӯ гуфт, ки бо ёрии маҳбусон кишвар метавонад камбуди нирӯи кориро ҳал кунад ва ҳам масъалаи ба ҳаёти иҷтимоӣ баргардонидани зиндониҳоро ҳам бартараф намояд.

Чандин сол аст, ки дар Русия дар сатҳҳои мухталиф фикри ба кор дар объектҳои калон ҷалб кардани маҳбусон баррасӣ мешавад. Қонунгузории Русия иҷоза медиҳад, ки маҳбусон дар корҳои берун аз зиндон ҷалб шаванд ва  онҳо аз ҳуқуқи конститутсионӣ ҳам бархӯрдор мебошанд. Барои меҳнати онҳо бояд пул пардохт шавад ва ҳангоми кор бояд бо кафолатҳо ва ҳам амният таъмин шаванд.

Вале чунин даъватҳоро бархе намояндагони созмонҳои муҳоҷирон ҷонибдорӣ намекунанд. Вадим Коженов, раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия  пешниҳоди Хадамоти зиндонҳоро интиқод кард. Ӯ гуфт, муҳоҷирони корӣ квалификатсия ваё сатҳи муайяни донишу малакаи касбиро доранд, вале зиндониро касе кор ёд намедиҳад.

Аз сӯи дигар, маълум нест, ки то куҷо намояндагони бахши соҳибкорӣ розӣ мешаванд, ки бо нирӯи зиндониҳо кори худро пеш баранд, чун дар ин ҳолат масъалаҳои мисли сифати кор ва ҳам амнияту бехатарӣ муҳим мешавад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.