Маҷлиси намояндагони ИМА матни қатъномаи импичменти Трампро нашр кард

Маҷлиси намояндагони конгресси ИМА рӯзи душанбе матни қатънома дар бораи импичменти президент Доналд Трампро нашр кард. Президенти ИМА дар “таҳрик ба шӯриш” айбдор мешавад.

“Президент Трамп амнияти Иёлоти Муттаҳида ва ниҳодҳои давлатиро зери хатари ҷиддӣ қарор дод”, – омадаст дар матн.

Панҷ кас қурбони шӯриши тарафдорони Трамп шуданд.

Муҳлати президентии Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ ба поён мерасад ва президенти тозаинтихоб Ҷо Байден он рӯз савганд ёд хоҳад кард.

Ташаббускорони қатънома тасмим доранд, онро рӯзҳои 13 ва 14-уми январ ба баррасӣ гиранд. Аъзои Маҷлиси намояндагон ба ҷонибдорӣ ё мухолифат аз импичмент раъй медиҳанд ва Сенат раъйи намояндагонро тасдиқ мекунад.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, то нисфирӯзии рӯзи душанбе бештар аз 200 намояндаи демократ ба ҷонибдорӣ аз қатънома раъй додааст. Аммо барои қабули он на камтар аз 218 раъй зарур аст. Дар ҳамин ҳол, ҳеч кадом аз вакилони ҷумҳурихоҳ изҳори раъй додан ба ҷонибдорӣ аз импичментро накардаанд. Аз эҳтимол дур аст, ки Сенат то санаи ба поён расидани муҳлати президентии Трамп импичментро ба баррасӣ гирад, аммо эҳтимол дорад, ин парванда баъди барканор шудани Трамп низ баррасӣ шавад.

Рӯзи 6-уми январ ҷонибдорони Трамп, ки аз аёлати мухлатиф ба Вашингтон омада, дар назди бинои Капитол гирдиҳамоӣ ташкил карданд, дар поёни гирдиҳамоӣ вориди бинои Капитол шуданд. Ҷонибдорони Трамп бетартибиҳоро замоне роҳандозӣ карданд, ки конгрессменҳо барои тасдиқи натиҷаҳои интихоботи ИМА маҷлис доштанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.