Майдончаи варзишӣ – туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

ДУШАНБЕ, 06.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони  мақомоти иҷроияи хоқимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарону кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”) дар шаҳри Душанбе, кўчаи Деҳотӣ, назди биноҳои истиқоматии 2, 4, Борбад 30 ва Яккачинор (Фирдавсӣ 1) боз як майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон  расман ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки масоҳати умумии иншооти мазкур 3990 метри мураббаъ буда, он аз майдончаи варзишӣ (бозии волейбол, баскетбол ва футбол), майдончаи бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳ иборат аст. Сохтмони иншоот дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди сайру гашт ва истироҳати сокинон, бахусус наврасону ҷавонон ва зебо гардонидани намуди зоҳирии ин мавзеъ дар як қисмати майдончаи варзишӣ ду адад айвонча аз конструксияҳои оҳанин насб карда шуда, масоҳати 1756,8 метри мураббаъ сабзазор шуда, зиёда аз 1700 дона гулҳои ороишӣ ва 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудаанд. Дар ҳудуди майдонча 16 адад чароғакҳои равшанидиҳанда ва 7 адад камераҳои назоратӣ насб гардида, 15-то нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудаанд. Ҳамзамон роҳравҳои ҳудуди майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон дар масоҳати 550 метри мураббаъ сангфарш гардида, дар канори майдончаи варзишӣ дар масоҳати 207 метри мураббаъ таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа  ба роҳ монда шуда, ҳамаи таҷҳизот барои баргузории бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, лавозимот барои бозии кўдакон (арғунчак, арғунчаки тарозушакл, куталак барои лағжиш, турник ва ғайраҳо) мутобиқи нақшаи тарҳрезишуда насб карда шуданд.

Дар баробари ба анҷом расонидани корҳои лоиҳавӣ инчунин, ҷиҳати иҷрои супоришҳои иловагӣ оид ба ободонии шафати майдончаи варзишӣ берун аз лоиҳа, ҳамворсозию бетонпўшкунӣ ва навсозии роҳраву майдони назди биноҳои истиқоматӣ, ки масоҳати онҳо зиёда аз  700 м2-ро ташкил медиҳад, батартибдарории ҷўйбору сабзазоркунии атрофи майдонча, насб намудани новаҳои нави бетонӣ бо дарозии 187,5 метр ва рангубори биноҳо дар масоҳати 2664 м2  амалӣ гардиданд.

Мояи хушнудист, ки бунёди иншооти муҳими  варзишӣ ва бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонон  шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Иқдоми мазкур  ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш заминаҳои устувор фароҳам меорад ва дар ташаккули ҷисмию маънавии насли наврас нақши назаррас мегузорад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.