Майк Помпео дар роҳ ба Давҳа гуфт, музокирот танҳо роҳи сулҳ дар Афғонистон аст

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ба эҳтимоли зиёд музокироти қарибулвуқӯи сулҳи Афғонистон “пурбаҳс” хоҳад буд, вале баъди низоъҳои тӯлонӣ ин танҳо роҳи пешрафт ва дастёбӣ ба сулҳ мебошад. Помпео ин нуктаро рӯзи 11-уми сентябр дар роҳ ба шаҳри Давҳаи Қатар баён кард. Қарор аст рӯзи 12-уми сентябр дар ин ҷо музокироти сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон шурӯъ шавад.

Музокироти сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон як шарти муҳими созиши сулҳи Вашингтон ва гурӯҳи шӯришӣ аст, ки моҳи феврал ҳосил шуда буд. Помпео дар ҳоле, ки дар ҳавопаймо ба самти Давҳа парвоз мекард, гуфт, барои расидан ба ин марҳила аз замони имзои созишнома мӯҳлати тӯлонӣ пуштисар шуд, вале боз ҳам изҳори умедворӣ кард, ки барои аввалин бор дар қариб 20 соли охир ду ҷониби низои Афғонистон сари як миз нишаста муколамаи бурбаҳси худро пеш мебаранд.  

Президент Доналд Трамп хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро дар маъракаи пешазинтихоботии соли 2016 ваъда дода буд. Дар остонаи интихоботи нав Вашингтон дар талоши базудӣ шурӯъ кардани муколама мебошад. Трамп дар нишасти матбуотии рӯзи 10-уми сентябр гуфт, ки аз муколама интизороти зиёд дорад ва умедвор аст, ки то моҳи ноябр шумори сарбозон то 4 ҳазор нафар коҳиш дода мешавад.

Ба ҳайати ҳукумати Афғонистон, ки рӯзи 11-уми сентябр ба самти Давҳа парвоз мекунад, раиси Шӯрои олӣ оид ба мусолеҳаи миллӣ Абдулло Абдулло шомил шудааст. Раҳбарии ҳайати  музокиротии Толибонро Абдулҳаким Исҳоқзай, як рӯҳонии тундрав ба ӯҳда дорад, ки солиёни дароз Кветтаи Покистон, дар қароргоҳи  раҳбарони Толибони Афғонистон ба сар бурдааст.

  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.