Мактабҳову боғчаҳои Бишкек ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд

Шуруъ аз 12-уми апрел дар боғчаҳову мактабҳои миёнаи шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуотии шаҳрдории Бишкек хабар доданд. Ин тасмимро комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулоддаи беҳдоштӣ бо назардошти вазъи шадиди беҳдоштӣ гирифтааст.

“Дар ҳафтаҳои охир дар шаҳр афзоиши гирифторони COVID-19 ва илтиҳоб мушоҳида мешавад. Барои ҳифзи тандурустии кӯдакон, волидон ва омӯзгорон тасмим гирифта шуд, ки таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шавад”,-хабар доданд аз шаҳрдории Бишкек.

Ба ҷуз аз шаҳри Бишкек, хонандагони мактабҳои минтақаҳои дигари Қирғизистон ба таври анъанавӣ таҳсил мекунанд.

Дар он кишвар ба далели паҳн шудани коронавирус аз моҳи марти соли 2020 ҳамаи мактабҳо ба карантин фаро гирифта шуда, хонандагон ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд. Таҳсили фосилавӣ дар соли нави хониши 2020/2021 низ идома кард. Хонандагони он кишвар танҳо чаҳоряки севум ба таҳсили анъанавӣ баргаштанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.