Мактабхонҳои тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика соҳиби ҷоиза шуданд

Се хонандаи литсейи тоҷикӣ-русиии “Ҳотам ПВ” дар Душанбе дар як олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика, ки тариқи онлайн ё бархат баргузор шуд, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки Олимпиадаи ҷаҳонии фосилавӣ аз 7 то 15-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуда дар он 190 хонанда аз 38 кишвари дунё рақобат карданд.

Ба иттилои манбаъ, Далер Пиров – хонандаи синфи 11 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва ПВ” соҳиби ҷойи 2-юм, Маҳмадхуҷа Камолиддинзода ва Абдураҳмон Абдулҳамидов хонандагони синфи 10-уми ин литсей-интернат соҳиби ҷойи 3-юм шуданд.

Ҳамчунин дар ин озмуни фаннӣ Яҳё Шамсиев -хонандаи синфи 11-и литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва ПВ” ва Абдуллоҷон Юсупов – хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ифтихорнома гардиданд. 

Литсейи хусусии “Ҳотам ПВ” аз соли 2003-ум дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва даҳҳо шогирдонаш дар олимпидаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал шудаанд.

Хатмкунандагони ин литсей дар донишгоҳҳои бонуфзи ҷаҳон таҳсил мекунанд, чанд нафар аз шогирдонаш низ дар ширкати бо маъруфи ҷаҳонӣ  ба кор даъват шуда, бархе ҳам аллакай пазируфта шудаанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.