Маъмурияти Байден ҷонибдори ҳифзи ҳукми қатли Ҷавҳар Тсарнаев аст

Маъмурияти президент Ҷо Байден аз Додгоҳи олии ИМА тақозо дорад, ки ҳукми марги бомбгузори марафони Бостон Ҷавҳар Тсарнаев нигаҳ дошта шавад. Ҳуқуқшиносони вазорати адлия дар матни санадҳое, ки ҳафтаи гузашта ба додгоҳ ирсол кардаанд, мегӯянд, қазияи Тсарнаев яке аз парвандаҳои бисёр муҳими марбут ба терроризм дар таърихи ИМА мебошад. Онҳо даъво доранд, ки қарори додгоҳи зинаи поёнӣ, ки ҳукми марги Тсарнаеви 27-соларо бо ҳукми додгоҳи тӯлонӣ иваз кард, хато буд.

Тсарнаев як ҷавони чечентабор аст, ки дар Қирғизистон таваллуд шуда, соли 2015 дар куштори се ва маҷрӯҳ шудани садҳо ширкатдори марафони Бостон дар соли 2013 гунаҳгор дониста шуд. Баъди чанд рӯзи бомбгузории марафон бародари ӯ Тамерлан Тсарнаев дар як задухӯрд бо полис кушта шуд.

Тими дифоӣ эътироф кард, ки ин ду бародар масъули бомбгузории марафон буданд, дар ҳоле, ки Тамерлан ба ҳайси иҷрокунандаи ифротишудаи ин ҷиноят буда, Ҷавҳар бародари хурдии таҳти таъсири эҳсосот монда қаламдод шудааст. Вале додситонҳо гуфтанд, ки гуноҳи Ҷавҳар камтар нест ва ӯ ИМА-ро барои ҷангҳое, ки дар кишварҳои мусалмонӣ пеш мебурд, ҷазо додан мехост.

Додгоҳи олии ИМА моҳи март розӣ шуд, ки бозбинии парвандаи Тсарнаевро, ки ҳанӯз замони президенти пешин Доналд Трамп шурӯъ шуда буд, пеш барад.

Ҳукми додгоҳ барои Байден, ки гуфтааст, мухолифи иҷрои ҳукмҳои қатл мебошад, баҳсбарангез хоҳад шуд. Эндрю Бейтс, сухангӯи Кохи Сафед ба “мустақилияти” вазорати адлия дар арзёбии қарори ҳукми қатл ишора кард. Вале Бейтс гуфт, ки президент “бовар дорад, ки вазорати адлия бояд ба таҷрибаи пешинӣ иҷро накардани ҳукмҳои марг баргардад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.