Маъмурияти Enter Engineering дар Узбекистон пардохти маоши коргарони эътирозгарро шурӯъ кард

Ширкати узбекистонии Enter Engineering ба коргарони корхонае, ки аз таъхири чандмоҳа дар пардохти маош даст ба эътирозу беназмиҳо заданд, бозгардони маошро шурӯъ кард. Радио Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми октябр, бо такя ба як мақомдори узви комиссиюни таҳқиқи эътирози коргарон ва ҳам чанд коргаре, ки дар сохтмони корхонаи Uzbekistan GTL кор мекарданд, гуфт, ки маоши батаъхирафтода дода мешавад. Ин корхона бо истеҳсоли гази моеъ машғул аст ва дар он 12 ҳазор нафар кор мекунанд.

Рӯзи 21-уми октябр чанд ҳазор коргари корхонае воқеъ дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарёи Узбекистон бо талаби пардохти маоши семоҳаву таъмини онҳо бо ғизои ваъдагӣ даст ба эътироз заданд. Дар натиҷаи беназмиҳои бархоста, корхона, бахусус бинои маъмурии он хароб шуд. Дар наворҳои видеоии дастраси Радиои Озодликшуда дида мешавад, ки мебелу компютер ва дигар таҷҳизоти воқеъ дар бинои маъмурии корхона пурра шикаста ё нобуд шудааст. Бархе кормандони корхона гуфтанд, ки барои пахши эътирозҳо ба Ғузор нирӯҳои Горди миллӣ сафарбар карда шуданд. Иттилоъ дар бораи осебдидаҳо нашр намешавад. Як корманди корхона ба шарти ифшо нашудани номаш нақл кард, ки эътироз аз он ҷо бархост, ки ғизои шоми ваъдагии корхона рӯзи 20-уми октябр ба коргарон таъмин нашуд ва баъди интизориҳои чандинмоҳаи маош ин ҳолат мардумро ба хашм овард. Коргарони корхона дар як урдугоҳи вижаи марбут ба корхона зиндагӣ мекунанд.  Ба иттилои бархе дигар коргарон, бо сабаби пандемия дар шароиту реҷаи кори коргарон тағйирот ва маҳдудият ҷорӣ шуд, кор гоҳо номуназзам пеш мерафт ва ба ҳолати асабонияти коргарон таъсиргузор шуд. Ҳаёт Шамсуддинов, сухангӯи додситони кулли Узбекистон ба матбуот гуфт, ки ин қазияи таҳқиқ мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.