Манбаъҳо: домоди Мирзиёев баъди садамаи мудҳише барои табобат ба Корея интиқол ёфт

Чандин манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ва хонаводаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев гуфтанд, ки домоди ӯ баъди ҷароҳатҳои сангинаш дар Тошканд барои муолиҷаи тиббӣ ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол дода шуд. Манбаъҳо мегӯянд, Отабек Умаров, ҳамсари Шаҳноза – духтари дуюми Мирзиёев 13 феврал дучори садамаи нақлиётӣ шуда аз  сар ва поҳояш ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Манбаъҳои Радиои Озодлик, бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки президент Мирзиёев амр дод, ки дар робита бо садамаи мудҳиши домодаш нисбати чанд корманди амнияти хусусии ӯ тафтишоти дохилӣ анҷом шавад. Бархе нафароне, ки аз онҳо ҳамчун “атлет” ё варзишгар ном мебаранд ва дар лаҳзаи вуқӯи садама дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, ҳамчунин мавриди тафтиш қарор дода мешаванд. Манбаъҳо гуфтанд, ки дафтари корӣ ва толорҳои варзишӣ дар Тошканд, ки таҳти назари тиҷоратҳои хусусии Умаров буданд, баста шуданд.

Ба иттилои манбаъҳо, Умарови 36-сола, муовини раиси амнияти хусусии президент Мирзиёев ва ҳам “варзишгарон” дар шаҳри Тошканд ҳар сари чанд вақт бо мошинҳои худ пойга ташкил карда, “ҳолати хатарноки нақлиётӣ” эҷод мекарданд. Талошҳои Радиои Озодлик барои фаҳмидани ҷузъиёти қазия аз сохторҳои додситонии кулл, вазорати умури дохилӣ ва мақомоти шаҳри Тошканд бенатиҷа анҷомид.

Айни замон, дар робита бо гузоришҳо аз садамаи нақлиётие бо иштироки Умаров, полиси Тошканд гуфт, ки дар миёнаҳои моҳи феврал  чунин “садамаи нақлиётие расман ба қайд гирифта нашудааст”.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.