Манбаъҳо: Имомхатиби масҷиди Яккачинор баъди дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ боздошт шуд

Манобеи мустақил ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ахиран боз як нафар аз ширктадорони маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ боздошт шудааст. Аз фарди дастгиршуда Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди Яккачинори шаҳри Душанбе ном бурдаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шурои уламои Тоҷикистон  дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накард. Ҷузъиёти зиёд феълан дар даст нест.

22-юми апрел мақомоти расмӣ эълон намуданд, ки Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамроҳи 4 нафари дигар дастгир гардиданд. Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт. Аммо мақомот гуфтанд, ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам аст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.