Манбаъ: Дар тирпарронӣ дар Хоруғ дастикам 6 нафар маҷрӯҳ шуданд

Эътироз дар Хоруғ, ки баъдан ба задухӯрди мусаллаҳона миёни мардум ва нерӯҳои амниятӣ мубаддал шуд, зӯҳри имрӯз оғоз шуд. Ин афрод бо талаби муҷозоти афроди даст дошта дар куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар назди ҳукумати вилоят ҷамъ омадаанд. Эътирозгарон тобути шахси куштташударо ба назди ҳукумат оварданд.

Ба гуфтаи манобеъ, ӯ ҳангоми боздошт ба таври марговар захмӣ шудааст.

Хабаргузории «Ховар» бо такя ба дафтари матбуоти додситонии ВМКБ хабар дод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 25 ноябр соати 11:30 хостанд, сокини деҳаи Тавдем Гулбиддин Зиёбеков, соли таваллудаш 1992-ро дастгир кунанд.

“Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид”, – омадааст дар хабар.

Аммо дар хабар аз кушта шудани Зиёбеков гуфта нашудааст.

Тибқи иттилои додситонӣ, гӯё Гулбиддин Зиёбеков 1 феврали соли 2020 ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа А. Абирзода-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор додаааст. Дар робита ба ин алайҳи Зиёбеков ва шарикони ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, гумонбарон даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре сокинони Хоруғ ба Your.tj гуфтанд, воқеан байни додситон ва Зиёбеков муноқиша рух додааст ва он пас аз озори хешдухтари Зиёбеков аз ҷониби додситон шурӯъ шудааст. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки чанд нафар аз Абдусалом Абирзод талаб доранд, то ӯ аз мардуми ВМКБ узр пурсад.

Манбаъ мегӯяд, баъдан ин муноқиша бо мусоидати раиси пешини вилоят Ёдгор Файзов ҳал шудааст. Ва ҳоло сокинони Хоруғ таъқиби Зиёбековро бо иваз шудани раиси вилоят рабт медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ ба Your.tj гуфт, ҳоло дастикам 6 нафар, ки бар асари даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд, ба бемористони вилоятӣ интиқол ёфтаанд.

“Ба маркази вилоят нерӯҳо ҷамъ шуда истодаанд ва чархболҳо дар атрофи Хоруғ давр мезананд”, – гуфт як манбаъ қабл аз қатъ шудани алоқа.

Сообщение Манбаъ: Дар тирпарронӣ дар Хоруғ дастикам 6 нафар маҷрӯҳ шуданд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.