Манижа дар даҳгонаи беҳтарин овозхонҳои “Евровидение” қарор гирифт

Дар озмуни таронаҳои “Евровидение”, ки шаби 22-ум ба 23-уми май дар Роттердами Ҳолланд ба анҷом расид, гурӯҳи роксароёни Манескин (Måneskin) аз Итолиё бо таронаи “Zitti E Buoni”- Орому хуб” ғолиб омад. Овозхони ин гурӯҳи роксаро, Дамиано Давид ва навозандагонаш Виктор Де Ангелис, Томас Рагги ва Итана Торкио ҳастанд.

Бинобар баҳогузории ҳамкамони кишварҳои ширкатдори ин сабқат, овозхони Швейстария дар мақоми аввал буд. Аммо бо зам шудани райъи тамошобинон холи гурӯҳи итолиёвӣ бештар шуд ва онҳо ғолиб омаданд.

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон ва муқими Маскав, ки дар ин озмун аз Русия ширкат дошт, дар даҳгонаи беҳтарин ширкатдорони сабқат ворид шуд. Манижа бо таронааш “Russian women” бо 204 холи ҳакамон ва тамошобинон дар мақоми 9-ум қарор гирифт.

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни “Евровидение” аз Русия намояндагӣ мекунад, шаби 22-уми май дар Роттердам дар даври ниҳоии сабқат таронаи худро зери шумораи 5 иҷро кард.

Дар ин сабқат овозхоне баранда мешавад, ки бештари бинандагон ба ҷонибдорӣ аз ӯ паёмак фиристодаанд. Имсол овоздиҳӣ ба ҷонибдорӣ аз сарояндаи писандида ҳамчунон тавассути апп ва ё нармафзори “Евровидение” имкон дошт.

Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни байналмилалии Eurovision шоми 18-уми май бо истиқболи гарми тарафдоронаш дар Тоҷикистону Русия рӯбарӯ шуд. Ҳарчанд ин ва пирӯзии пешинааш танқиду таҳқири бахше аз ҷомеа ва мақомоти Русияро ба бор овардааст.

Манижа Сангин пас аз пирӯзиаш дар сабқати овозхонҳо барои ширкат дар “Евровидения” таҳти таҳқиру фишорҳои лафзии корбарон ва расонаҳои Русия қарор гирифт.

Мавҷи азиме аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе чеҳраҳои шинохтаву сиёсатмадорони Русия матни таронаи “Зани рус” (Russian Woman), либосу шеваи тақдим ва ҳам ҳуввияти овозхони 30-соларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Кор то ҷое расид, ки Кумитаи тафтишоти Русия – идорае, ки кораш таҳқиқи ҷинояткорист, гуфт, мазмуни таронаи Манижаро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Манижа Ҳамроева, ки ҳоло тахаллуси Сангинро гирифтааст, соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки барои ба Маскав бикӯчанд. Манижа мусиқиву забони англисиро омӯхту бо варзиш машғул шуд. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, чун талоши пайдо кардани мавқеи худ дар саҳнаи пуррақобати мусиқии замонавӣ буд. Бо вуҷуди мавҷи фишору таҳқирҳо, Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.