Маоши кормандони кони “Юбилей”-и Қазоқистон баъди корпартоӣ зиёд шуд

Молики кони тилои “Юбилей” дар ноҳияи Муғалжари вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯяд, бо кормандони худ дар робита ба масъалаи маош ба созиш расидааст. Дар натиҷа кормандон корпартоиро қатъ карда, ба маҳалли кор баргаштаанд.

“Дар натиҷаи гуфтугӯҳои 12 январ бо кормандон тасмим гирифта шуд, ки маоши онҳо аз моҳи январи соли равон 25 дарсад боло бурда шавад. Ҳамчунин як қатор масоили марбут ба беҳсозии шароити корӣ дар кон ҳалли худро ёфтанд”, – омадааст дар иттилоияи ширкати “AltynEx Company”

Хабари қатъи корпартоӣ дар “Юбилей”-ро кормандони кон низ тасдиқ карданд. “Шахта кори худро аз сар гирифт. Яъне, кормандони басти шабона ба кор баромаданд. Маоши умумии кормандон 25 дарсад баланд шуд. Ҳамчунин моҳонаи онҳое, ки аз 100 ҳазор танга кам аст, 35-40 дарсад зиёд мешавад”, – гуфт муовини раиси ноҳияи Муғалжар Галим Кобиландин 13 январ.

Коргарони кони тилои “Юбилей” корпартоӣ эълом ва истеҳсолотро қатъ карда буданд. Онҳо талаби то 50 дарсад афзоиши маошро доштанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.