Мақолаи рӯзноманигор Мунаввари Мунавварзод, ки чопаш се боз сонсуру худсонсур мешавад

Об ба куҷо меравад? – 2

Ман бар ин боварам, ки имло бояд осону роҳат ва дақиқ бошад. Аммо алифбову имлои кунунии мо дорои чунин хоссийятҳо нест. Он дар назари аввал роҳату дақиқ менамояд. Аммо дар асл чунин нест.

Инак, аз замоне, ки матлаби нахуст дар ин мавзӯъро навиштам, беш аз ду сол гузашт. Он, аслан, нодида гирифта шуд: ба истиснои чанд вокунише, аз қабили “ҳукумат чи бихоҳад, чи нахоҳад, мо ба хатти форсӣ бармегардем”, “ин алифбо мушкили моро боз ҳам зиёдтар мекунад” ва ғ., дар ин росто аслан матлаби короие (боарзише) ироъа нашуд, ки нашуд. Балки касе ҳам навишт, ки: “ҳамин алифбои имрӯза беҳтар аст”.

 

Касе ҳам дар нашрийяи “Нигоҳ” ба инмазмун навишт, ки алифборо бояд ивазкард, вале на бо дасткори ба ётбарсарҳо – онҳо бояд нигоҳдошта шаванд.

Албатта, чанде аз “фейсбукиҳо” онро ба боди тамасхур кашиданд, чун он ба эшон, аслан, “нафорид”, чун… баъзе ҳарфҳои пешниҳодшаванда чашмашонро “мехарошид”. Тамом, вассалом.

Мақолаи “Об ба куҷо меравад?” ба ҳамаи рӯзномаву ҳафтаномаҳои ҳукуматӣ ва Кумитаи забону истилоҳоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам фиристода шуд, аммо он дар яке аз онҳо нашр нашуд, ҳатто масъуле ба муъаллифи он посухе нанавишт, ки – узр, ки на – матлаби “ба дарди ҳукуматнахӯрандаатон” нашр нахоҳад шуд, ва аслан бидонед, ки мо худ сабил (муйлаб)-и шамшермонанди осмонхарош дорем (…ки онро фақат занги телефоние аз “боло” паст карда метавонад).

Ва масъала ҳамоно побарҷо мемонад: мо ва алифбову имлои “дарднахӯр”. Чи ҷои шикоят? Аслан, барои ин миллат “ҳамааш шудан мегирад” (масалан, дар аввали садаи 20 алифбои расмии он чанд сол хатти форсӣ – ё б. и. “арабиасос” – буд, ки ҳатто ҳукумат онро пазируфта буд: бо он нашрийяву китобҳо чоп мешуданд, фармонҳову муҳрҳои давлатӣ низ ба ҳамин хатт буданд; баъд – бо “ишора”-е аз “боло” ҷои онро хатти лотиниасос гирифт – ва он ҳудудан 10 сол расмулхатти “кишвар”-аки “РСС Тоҷикистон” буд; баъд – боз ҳам бо “ишора”-фармони “боло” дар ин хитта хатти кириллии “тоҷикӣ” – барои “прогресс”, албатта, барои зудтар ба “коммунизм” расидан – хатти расмӣ шуду чанд бор ҳам тағйири зоҳирӣ дид, аммо боз ҳам дарднахӯр монд.

Вале “шуд” ин, дар ҳама ҳолатҳо шуд (!). Ва мардуми бумии ин сарзамин, ки акнун “шӯравӣ” шуда буданду бо “ифтихор”-у “ғурур” (ва м. и.) ба синаашон мушти “кумунистӣ” мезаданд, ин ҳамаро – табодулҳои хатташонро – таҳаммул карданд (ки дар ҳар се ҳолат ҳам саршори камбудиҳо-ғалатҳо буд). Ва ба ин рӯз расиданд: ба садаи 21, баъди дарёфти муфти “истиқлолият” дар поёни асри 20!

 

Гузашта аз ҳама, ман бар ин назарам, ки ҳамон замони ҳазви 4 ҳуруфи сирф русӣ (ь, ы, ц, щ) аз алифбоамон хуб мебуд, ки ётбарсарҳои Ё, Ю, Я низ бардошта (ба зуболадони торих партофта) мешуданд.

 

Аслан, ҳама он чизе, ки аз «боло» фармуда мешавад, барои ин миллат мақбул аст (ё – ҳеч набошад – “шудан мегирад”): чи таъвизи номи шаҳру ноҳияҳо, чи ановини фанҳо, чи табдили як ноарзанда ба қаҳрамонии миллат, ва… Ва табдилҳои нобихрадонаи хатти миллӣ… Барои мардуми тоҷик аслан муҳимм набуд, ки хатти (навиштори) расмии онҳо бар асоси кудом хатт аст: юнонӣ, арабӣ, лотинӣ, кирилик. Ва аҳаммийяте надорад, ки баъд боз чи хатте ба онҳо таҳмил мешавад: чинӣ, ҳиндӣ, муғулӣ, жопунӣ…, ва ё забони расмии кишварашон ингилисӣ хоҳад шуд, ё – русӣ, …миррихӣ, ё ҳамин забони маорӣ ҳам “шудан мегирад” (фақат порсӣ набошад!). Агар лозим шуд (албатта, ба “боло”), аз ҳар субҳ – чи барфӣ бошад он, чи – боронӣ, ба ҷонибдории фикри “олӣ” парчам ҳам гирифта, ба кӯча мебароянду худнамоӣ мекунанд!..

 

…Ин миллат замоне дорои хатти мехи ва баъд ҳам паҳлави буд. Мақдуниҳо забташкарданду ба хатташ “сахт” кордор нашуданд. Аммо сипас ин сарзамин аз тарафи аъроби мусалмоншуда истило гардид ва «хоҳиш»-и ин миллати ориёӣ хатти арабӣ шуд. Баъдтар, баъди панҷ-шаш аср “соҳибон”-и нави хатт ногузир ба он он чор ҳарфи “соф” худиро афзуданду номаш ҳам гузоштанд: хатти форсӣ (воқиан, он то ин вақт чӣ ном дошт?).

Чингизиёни барбари дур аз фарҳанг, ки ин сарзаминро аз нав истило намуданд (асри XIII), табиатан ба забону хатти маҳаллиён кордор нашуданд, магар ин ки қатлу ғорат карданд, “хӯрданду бурданд”-у рафтанд.

Ва ин миллати акнун исломоварда беш аз ҳазорсол «мусалмонвор» ҳамроҳи ҳамон хатти “форсӣ” бо ифтихору «шаъни буланд» зист, ҳарчанд дар дарозои таърих боз «лаззат»-и истилоҳоро «чашид»…

Метавонист аробаи «хатти форсӣ»-ро ҳамоно биронад ва худ савори он бошад (дар асри 20 низ), аммо «чархи таърих»… Бигзарем.

Ҳоло…

Ҳоло, Тоҷикистон расмулхатте дорад бо номи «тоҷикӣ». Дурусттараш – кириллии тоҷикӣ ё – тоҷикии кириликасос (ҳатто – русиасос!). Онро бархе “нотавонбинҳо” (“душманони миллат”) “пирилик” низ ном мегиранд. (Ба хатти форсӣ «либоси миллӣ» ҳам пушонидаанд.)

Ҳоло дуруст, ки беш аз ҳазор сол аҳли ин миллат хатти форсиро ба унвони расмулхатт доштанд ва онро кор мебурданд; адабийёти клосики он ҳам танҳо бо ин хатт аст. Дар Афғонистону Эрон ҳанӯз ҳам ин дабира расмист.

Аммо – ва ин равшан аст – он орӣ аз камбуду масоиле мутааддид аст. Иддиъо мешуд, ки ин хатт аслан ниёзе ба «тармим» надорад, вале – ҳадди ақалл дар ду садаи ахир – дар имлои он дастзаданҳое назаррас сурат гирифт. Воқиъан, арз шавад, ки ин ҳама «тармим» танҳо зоҳирӣ буд ва хатти форсӣ ҳамоно мушкилзаву масъаладор монд, ки монд (фикр мекунам, дар инҷо ҳамин як ишораи гузаро кофист). Гузашта аз ин, ба андешаи бисёр забоншиносони ҳатто эронӣ, хатти форсӣ «солим»-у бенақс нахоҳад шуд (яъне, кӯшишҳое дар ин “роҳ”, аслан, беҳуда аст, зоеъ хоҳад-рафт). Бигзарем…

Дигар. Бигзор, тоҷикон ба унвони расмулхатти худ хатти форсиро бипазиранд (агар ҳукумати кишварашон ба ин мувофиқ бошад) ва боз садаву ҳазорсолаҳои дигаре савори аробаи «худӣ» мушти ифтихори “бофарҳангӣ”-ву “ватандустӣ” ба синаи пурҳавояшон бизананд. (Таҳаммули ин онҳоро ба куҷо хоҳад бурд?)

Аслан, ин воқеийят, ки имрӯз хатти, аз ҷумла, форсӣ расмулхатти Тоҷикистон нест, мабнӣ бар набудани иродаи сиёсии ҳукумати кишвари «соҳибистиқлол» дар пазириши мусолиматомези масъалаи мазкур ва ҳалли он аст.

(Инро ҳам бояд дар мадди назар дошт, ки кори мавриди назар мушкилзост ва душвориҳои зиёдеро ба дунбол дорад.)

Мардуми кишвар ҳам хоҳишу тавони онро надорад (дар ин бора ҳоло чизе намегӯям), ки онро аз ҳукуматаш қотеона талаб кунад. Ва, аслан, ки (гузашта аз ҳамаи далелҳо), чун ба ин кор мо, насли имрӯз, қудрате надорем, пас он кори наслҳои пасин хоҳад-буд. Насл ё наслҳои баъдии ин марзубум метавонанд хаттеро ба унвони хатти расмӣ бар “курсии аъло”-и кишвар бинишонанд ва ниёзе ба «маслиҳат»-и мо, ки устухонҳоямон кайҳо (он вақт) гард шудааст ва ё дар “чоҳ”-и торих “ғарқ” шудаем, нахоҳанд дошт (ва ё, аслан, он вақт шояд кишвари мустақилли Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад – ки мабод!, – магар дар китобҳои таърих, ва ё, ҳеч набошад, бо Эрону Афғонистон кайҳо дар як давлат пайваста бошад (чи орзуе!)).

Лекин ҳоло бояд зиндагӣ кунем ва, ҳамчунин, забону хатт дошта бошем ҳам – ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон побарҷост ва он хатти расмии кириликасос дорад (ҳарчанд ин хатт барои мардуми он ҳамоно «шудан мегирад», аммо бояд мутазаккир шуд, ки алифбои феълиямон – ва худи забони он (!) ҳам – дорои мушкилоти фаровон аст).

Ман бар ин боварам, ки имло бояд осону роҳат ва дақиқ бошад. Аммо алифбову имлои кунунии мо дорои чунин хоссийятҳо нест. Он дар назари аввал роҳату дақиқ менамояд. Аммо дар асл чунин нест.

Овардани мисолҳо, зиёдист ва ҳар ҳамватани босаводамон, фикр мекунам, онҳоро медонад. Ин мусалламан маълумамон мебошад, ки ҳар фарди тоҷик (хосса, агар хурдсолу бе “таҷриба”-и зиндагӣ бошад) дар дуруст талаффуз кардани вожаҳои “бур” (ранг), “пул” (василаи гузариш), “пул” (қимат), “буридан”, “мис”, “шир”, “девор”, “меҳр” ва м. и. дучори мушкил мешавад.

Шояд баъдтар аксари куллашон, пас аз чанд сол малакаи дар мавориди лозим дуруст талаффуз кардани мафҳумҳои фавқро пайдо бикунанд, аммо хонандаи соҳибзавқи нивиштаи онҳо (ва нивиштаи нашрийяҳои гуногун) дар ҳолоти хондани вожаҳои, масалан, “бур”, “меҳр”, “пул” дар тарзи талаффузи садонокҳо (ҳеч набошад, лаҳзае чанд) ҳайрон мемонад.

Маълум, ки алифбои кунунӣ ва имлои бар он асосёфтаи забони “тоҷикӣ” дархӯри чунин масоъил нест. Дар мавриди забони б. и. “адабии тоҷикӣ” ва қавоиди имлои он гап (андешаҳо; мулоҳизот) бисёр аст. Бигзарем…

Барои ҳар тоҷикистонӣ, хусусан тоҷикон, донистани хатти форсӣ мояи ифтихору хушбахтист. Дар мавриди мусаллат будан ба нигораҳои мехӣ ва паҳлавӣ (…) мешавад танҳо нидо кард: “Чи хуб!”. Ва, агар онҳо боз хатту забонҳои ғайр – масалан, ингилисӣ, русӣ, чинӣ, фаронсавӣ, жопунӣ, …-ро ҳам бидонанд, – чи хуб – (тавре мегӯянд) ин боиси дастгирист.

Ҳо, бояд таъкид гардад, ки тасаллути ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бар хатти форсӣ ҳатмист ва ҳукумати кишвар низ бояд доир ба омӯзиши он дар макотиби миёна, масалан, чораи муассир биандешад – бояд ин кор ҳатто дар қонуни асосӣ (конститутсия) сабт ёбад. Ҳо, он хатти клосики мост, бо он – ҳеч набошад – осори адабии ин сарзамин дар тули беш аз ҳазор сол сабт шудааст. Бигзарем.

Инро ҳам зикр бикунам, ки хатти форсӣ дорои костиҳои нолозим аст, ки дархури замони ҳозир  нест (чи расад ба замонҳои баъд!) ва, мутаассифона, ба наслҳои оянда масоилу масъалачаҳоеро ба бор меорад (хатти кунунӣ низ). Аслан, дар шароити ҳозира барои Тоҷикистон, фикр мекунам, хатти лотиниасоси мутобиқшуда ба савтиёти забони мардуми бумии он мувофиқи мақсад аст. Маълум аст, ки ин хатт – лотинӣ – ҳамчун асосе бар расмулхатти бисёр кишварҳои сайёра қарор гирифтааст (Ингилистон, Фаронса, Утриш, Олмон, Бразил, Ҳуланд…).

Ба назар чунин мерасад, ки дар оянда бисёре аз кишварҳои дигар низ ба ин хатт “рӯ меоранд” (Зикри он, ки мақоми алифбои лотинӣ дар расмулхатти бисёре аз кишварҳо ба чи сатҳу дараҷа аст, фикр мекунам, зиёдатист).

Бар асоси он будани расмулхатт (навиштори расмӣ)-и мо ҳам аз бисёр ҷиҳат б. и. мувофиқи мақсад хоҳад буд. Аммо… Аммо ҳамоно мушкилоти сангини воқеийят пеш меояд, ки ҳаллашон дар шароити имрӯз душвор (балки номумкин) аст. Ва ман кори салоҳро дар он мебинам, ки нахуст бояд ҳамин хатти кириликасос бимонад, аммо созгор ба савтиёти забонамон (ки чунин нест). Тасҳеҳи имлои он, гумон мекунам, бояд кори ҳар хоҳишманде, хосса варзидаву салоҳийятманде бошад. Сипас, бо роҳандозии барномаи махсусе, – ба хатти лотиниасос. (Ниг. ба ҷадвал.)

 

ҳарф Ово дар аввали вожа дар байни вожа дар охири вожа
Aa [a] Ahmad, ado, abr narm, bargaštan obila, zan, mard
Bb [b] Behrüz, bod šab, abr surb, ob
Vv [v] в Varzob, sangїn ovo, avval gov, dav
Gg [g] Gulandom, gil magar, rȕzgor barg, rag
Ğ ğ [ğ] Ğonчї, ğаram payğom, yağmo murğ, zoğ
Dd [d] Dušanbe, dil šudan, kudom gard, dod
Ee [e] Ekvodur, ey (nid.) čehra, deh se, šanbe
Ēē [e:] Ēraj, ēronї dēvor, gēlos zamonē, kasē
Ii [i] Iskandar, iyolat sipos, misol, ki (payv.), -i (izof.)
Її [i:] Їtoliyo, їn dїdan, sїmon guftanї, sї
Yy [y] Yodgor, yumn kayho, poyon pay, soy
Kk [k] Karїm, kord yakum, takon nozuk, torїk
Qq [q] қ Qandahor, qorra maqom, vaqt farq, toq
Ll [l] Lola, lab kalima, salom bol, yal
Mm [m] Manїẑa, man hamono, ammo ham, garm
Nn [n] Navrüz, non angür, finjon zabon, badan
Oo [o] Orosta, ohan boron, sarob dono, safo
Pp [p] Pors, palav sapēda, sipehr asp, gap
Rr [r] Rustam, rasm marjon, gurd dar, bor
Ss [s] Soro, sang isloh, dast sipos, bas
Tt [t] Taxor, tabar oftoba, kitob hast, tȕt
Uu [u] Urüpo, ustod šutur, pur du, -u (payv.)
Üü [u:] Ükroyn, ü (jon.) dür, pül, sür rü, sü
Ff [f] Fїrüza, fardo afšondan, guftor barf, sof
Xx [kh] Xujand, xalal saxt, omüxtan surx, talx
Hh [h] Halїm, hazor sahl, mohї moh, tarh
Čč [tʃ] Čїn, čašm pēčon, harčand hēč, qorč
Jj [j] Jalїl, jon kunjї, majol panj, ganj
Šš [š] Šokir, šab maššota, durušt moš, otaš
Ẑẑ [ẑ] Ẑopun, ẑola muẑda, paẑühiš küẑ, diẑ
Ъъ  [`] Ъamїd, umr faъъol, taъsїr šamъ, samъ

 

Беҳтар мебуд, қабули ҳарфҳои a, v, g, ğ, d, e, ē, ẑ, z, i, ї, u, ü, e, е, o, k, r, s, š, t, m, марҳилаи нахустини ин барнома бошад, чун баъзеи онҳо сода буда, чандеашон ба гӯнаē шакли ҳамон ҳарфҳои алифбои сириликасосро доранд – ва, ба ин далел, ошно (пешопеш!) бар корбарии онон ҳастанд.

Инро бигӯям, ки барои ҳар овоз мешавад ҳарф (аломат, симбул)-е дигар интихоб кард, лекин қоъида, ба бовари ман, бояд ҳамон бошад: як ҳарф – ифодагари як овоз (ё ҳар овоз ҳарфи мушаххаси худро дорад. Ва ин хубу дуруст аст.

На чун дар бархе аз забонҳо, ки як овозро дар мавориде метавонад то чанд ҳарф ифода кунад (масалан, дар ингилисӣ, фаронсавӣ, форсӣ…) ё ҳарфе чанд овозро ифода намояд (масалан, дар арабӣ, ингилисӣ, форсӣ…).

Ба зикри нодурустиҳо ва ишколоти мутааддид (аз назари ман) дар навишторҳои алоҳида маҷоле надорам (ва ин муҳимм ҳам нест).

Гузори алифбои мо ба гунаи лотиниасос шояд ба назари бисёриҳо бархурдор аз душвориҳост. Вале бояд бигӯям, ки душвории сангини асоси бархурдор набудан аз тасмими дуруст аст, ҳарчанд “ҳар мушкиле осон шавад аз партави тасмим”.

Инро ҳам зикр бикунам, ки баъди замоне кам ҳатто табдили расмулхатт дар Тоҷикистон (ё адами он) шахсан ба ман суде ё аҳамийяте надорад – на руҳамро шод мекунаду на – гӯрамро гарм (!).

Мо, насли имрӯзӣ, аслан, бояд коре бикунем, ки дар сари роҳи раҳнавардони оянда (ақаллан дар ин маврид!) санги душвори пайдо нашавад, кори онҳо дар ин самт гиреҳхӯрда набошад ва, аслан, он, кори мо, дар ин самт мушкилзои пешрафти иҳтимолишон нагардад; чун касе, ки ба фарзандаш меросе арзишманд мегузорад, насли мо бояд дар андешаи чунин мерос (масалан, алифбо) бошад.

Аслан, ин масъала – алифбо, забон – чун масъалаи тақдири будубоши инсонийят дар сайёраи Замин (ва, умуман, манзумаи шамсӣ) б. и. “доғ” нест, аммо то он замон – итмоми табиъии имконпазирии зист дар сайёраамон пас аз чанд милёрд сол (агар ин амр зудтар сурат нагирад!) – бояд зист, ва, бадеҳист, ки бояд ҳамоно ғизо хӯрд, сухан гуфт, коре кард ва ғ.

Метарсам, ки барои ман “ҳайҳот”-у “дареғ” гуфтан мемонад, чун на ҳукумати кишварам инро мехоҳаду на мардуми замоне бардагиро бар истиқлоли Тоҷикистон тарҷеҳдодаи ин сарзамин. Аммо боз ҳам шод ҳастам, ки тақдири баъдии алифбои ин кишварро наслҳои пасин бе ману ҳукумати кунунии кишвар ва шаҳрвандони аввали садаи 21-и Тоҷикистон ҳалл хоҳанд-кард. Ва ин ҳаққи онҳост.

Мунаввари Мунавварзод,

январи соли 2017

S. Ин матлаб-пешниҳод беш аз се сол бо сабабҳои гуногун интишор нашуд.

P. S. Интизор меравад, ки хонандагони гиромӣ назари коршиносона ё созандаи худ ба онро ироъа хоҳанд кард.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.