Мардеҳай Кимёгаров: “Мо хубиҳои зиёде аз Тоҷикистон дидаем”. ВИДЕО

Мардеҳай Кимёгаров як фаъоли ҷомеаи яҳудиҳои бухороӣ аст, ки инак се даҳсола Исроилро макони асосии зиндагии худ интихоб кардаст. Вале ҳанӯз охири солҳои 1980-ум ӯ як сокини оддии шаҳри Душанбе буд ва, ба гуфтааш, он ҷое, ки ҳоло парчами миллии 165-метрии Тоҷикистон қомат афрохтааст, хонаи онҳо буд. Ин замоне буд, ки дар Тоҷикистон, бино ба иттилои намояндаи ҷомеаи яҳудиҳои бухороӣ дар Душанбе, беш аз даҳ ҳазор яҳудиҳо сокини Тоҷикистон буданд.

“Ба мо Тоҷикистон касбу ихтисос дод ва ҳоло ҳам бо аз ҳисоби ҳамин донишҳоямон корро пеш мебарем”, мегӯяд ин раиси Ҷамъияти яҳудиҳои бухороии Осиёи Марказӣ дар Исроил.

Ӯро дар Тоҷикистон ҳам бисёриҳо мешиносанд ва дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар Исроил сафорат надорад, Мардеҳай Кимёгаровро сафири фарҳанги Тоҷикистон дар Исроил меноманд.

Бо талошҳои ӯву дигар аъзои ҷомеаи яҳудиҳои бухороӣ дар Телавив нонвойхонаву тарабхонаи “Бухорои нав”, осорхонаи ашёҳои қадимии мардуми Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст, театр ба лаҳҷаи яҳудиҳои бухороӣ амал мекунад ва нашрияи вижае аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ин мардум огоҳ мекунад.

Дар сӯҳбати видеоӣ тавассусти Скайп Мардеҳай Кимёгаров ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод:

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.