Марде барои қочоқи даҳҳо сар гов аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гунаҳгор мешавад

Дар ҷамотаи Чоркӯҳи Исфара, як сокини 53-соларо барои қочоқи ғайриқонунии чорво дастгир кардаанд. Ба қавли Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин шахс моҳи апрел аз Қирғизистон бидуни супоридани боҷи гумрукӣ 48 сар говро  ба маблағи беш аз 241 ҳазор сомонӣ ба Тоҷикистон ворид кардааст. Ҳафтаи гузашта  кормандони милитсия аз ин сокин чорвои қочоқиро мусодира карданд ва  ҳоло ба ӯ ҷарима ва ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекуанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.