Марди ҳамлавар ба як корманди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки марди ҳамлавар ба як корманди консулгарии кишвар дар Маскав, боздошт шудааст. Ҳодиса соатҳои тақрибан 11-и субҳи рӯзи 29-уми март дар назди бинои сафоратхона рух додааст.

Як манбаъ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марди ҳамлавар дар даст корд ва назди мардуми корафтодаи назди сафорат омада ва ба яке аз муҳофизон ҳамла кард. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳарчанд ҳамлавар имкон наёфт бо корд ба ин муҳофиз зарба занад, аммо ба ӯ зарари ҷисмонӣ расонида шудааст. 

Манбаъ гуфт, ки ин фард аз пайравони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ буда, дар ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик қарор доштааст. “Ин фард як одам хавфнок аст, ақидаҳои ифротӣ дорад”,-афзуд манбаъ. Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки чаро ба ин кор даста зад, ҷавоб додааст, ки “мусалмонҳоро дар инҷо ғам медиҳанд”.

“Сафоратро пулис ҳимоят мекунад ва ҷавон дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад”,-афзуд манбаъ.

Бархе расонаҳо аз фарди ҳамлавар Шомил Мустақимзода ном бурдаанд. Аммо манбаи Радиои Озодӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки ин фард ному насабашро иваз кардааст. 

То кунун дар бораи шахсияти фарди ҳамлавар маълумоти зиёд дар даст нест. Наздикони ӯ ҳам то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.