Марди 80-солаи узбекистонӣ бо гумони парвариши бангдона боздошт шуд

Ба иттилои раёсати корҳои дохилии вилояти Бухорои Узбекистон, нисбати марди 80-сола бо гумони парвариш ва фурӯши қиёми кӯкнор ва дигар гиёҳҳои мамнуъ парванда боз шудааст.

Дар натиҷаи кофтукови манзили шаҳрванд Р.Р. мушаххас шуд, ки вай дар майдони бештар аз 300 метри мураббаъ кӯкнор ва ҳашиш коридааст.

Ҳангоми бозпурсӣ марди солхӯрда эътироф кард, ки тасмим дошт, то 19 килограм ҳосил ғундошта, ба фурӯш барорад.

Пештар аз ин дар ноҳияи Ҷамбайи вилояти Самарқанди он кишвар низ марди 96-сола бо айни ҳамин айбҳо ҳабс шуда буд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд гуфт, 19-уми май дар манзили марди 96-сола 122 бех кӯкнор пайдо гардидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.