Марди маҳкумшуда барои таркишҳои соли 1999-и Русия дар зиндон кушта шуд

Марде, ки барои ду ҳамлаи террористии Маскав дар соли 1999 гунаҳгор шуда буд, дар як зиндони Сибир кушта шуд.  Матбуот дар Русия рӯзи 15 феврал ин мардро ҳамчун Холид Хугуеви 65-сола ёд кард, ки дар зиндони шаҳри Волчанетси вилояти Приморйе мӯҳлати 22 соли зиндонро пуштисар мекард. Дар изҳороти Кумитаи тафтишоти вилояти Приморйе рӯзи душанбе омадааст, ки зиндонии 65-сола аз ҷониби як зиндонии 41-солаи дигар дар як ҳамла бо корди коғазбурӣ кушта шуд ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ба роҳ монда шудааст.

Хугуев ва марди дигар Магумадзоир Ғаджикаев барои ташкил ва иҷрои ҳамлаҳои террористии соли 1999 дар пойтахти Русия гунаҳгор дониста шуданд. Дар таркише, ки дар меҳмонхонаи “Интурист” апрели соли 1999 рух дод, як нафар кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ шуд. Дар бомбгузории дуюм августи ҳамон сол дар фурӯшгоҳи “Охотный ряд”  39 нафар маҷрӯҳ шуд.

Дар аввал Хугуев ба 25 ва Ғаджикаев ба 15 соли зиндон  маҳкум шуданд. Соли 2020 додгоҳи олӣ ҳукми онҳоро ба 22 ва 13 соли зиндон кам кард. Хугуев қарор буд соли ҷорӣ ба озодӣ мебаромад. 

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.