Марди тоҷик барои куштори зане дар Русия ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Санкт-Петербург як зодаи 42-солаи Тоҷикистонро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ҷамшед Сулаймонов ба қатли як зани 39-сола ва модари ду фарзанд муттаҳам мешавад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, боздоштшуда, барои 20 ҳазор рубли русии қарзи додааш ин занро шоми 28-уми август дар маҳалли кораш – коргоҳи қаннодӣ нахуст буғӣ карда, сипас чанд зарби корд мезанад. Қотили эҳтимолиро аз рӯи сабти камераи мушоҳидавӣ ва телефонаш, ки дар маҳалии куштор афтодаву шикаста буд, муайян карданд. Сулаймонов баъди куштор қасди фирор ба Тоҷикистонро доштааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дар фурудгоҳ боздошт намуданд. Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.