Марги 5 сокини Намангон баъди нӯшидани арақи истеҳсоли Қирғизистон

Дар вилояти Намангони Узбекистон панҷ сокини маҳаллӣ дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз арақи навъи “Градусник”-и истеҳсоли Қирғизистон фавтиданд.

Ба навиштаи расонаҳо, шумори умумии заҳролудшудаҳо 13 тан буд, ки айни замон бархе аз онҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Ин сокинон дар шаби Соли нав арақи “Градусник” нӯшида, заҳролуд шудаанд.

Додситонии маҳаллӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Синни фавтидаҳо аз 36 то 52 аст.

Дилмурод Исмоилов, як масъули бахши тиббии Намангон гуфт, шаш сокин баъди табобат сиҳат шуда, рухсат ёфтанд. Аммо ду тани дигар дар вазъи сангин дар бемористон бистарианд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.