Маркази ноҳияе дар Афғонистон зери назари Толибон гузашт

Дар Афғонистон як маркази дигари ноҳия таҳти назорати Толибон гузашт ва ин яке дигар аз дастовардҳои ахири гурӯҳи шӯришӣ аст, ки дар пасманзари аз кишвар берун шудани нирӯҳои хориҷӣ рух медиҳад. Нирӯҳои ҳукуматӣ маркази ноҳияи Давлатободро, ки дар вилояти шимолии Форёб ҷойгир аст, тарк карда, ба ноҳияи наздиктарин ақибнишинӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 8-уми июн манбаъҳои радиои “Афғонистони озод” хабар доданд.

Абдулаҳад Алибек, як узви шӯрои вилоятӣ гуфт, ки сарнавишти даҳҳо ходимони амниятӣ норӯшан мемонад, чунки хати иртибот қатъ шудааст. Ба гуфтаи Алибек, таъмини нирӯҳои давлатӣ бо ёрии иловагӣ имкон надошт, чунки шӯришиён тамоми роҳҳо ба самти маркази ноҳияро  таҳти назорат гирифта буданд. Аз 1 май, замоне, ки нирӯҳои хориҷӣ ба тарки Афғонистон шурӯъ карданд, чандин ноҳияву минтақа зери назари Толибон гузаштааст. Аз 6-уми июн дастикам ду ноҳия дар вилоятҳои Урузгон ва Бодғиз ҳам ба дасти Толибон гузаштааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.