Маросими супурдани ҷоизаи сулҳи Нобел ба WFP ба таври онлайнӣ баргузор шуд

Маросими супурдани ҷоизаи сулҳи Нобел ба Созмони ҷаҳонии ғизо (World Food Program – WFP) бо сабаби пандемияи коронавирус рӯзи 10-уми декабр  дар шароити онлайнӣ баргузор шуд. Раҳбари WFP Девид Бислӣ ин ҷоизаро, ба қавлаш, ҳамчун “даъват ба амал” барои мубориза бо гуруснагӣ пазируфт. Бислӣ, ки аз қароргоҳи созмон дар Рум сӯҳбат мекард, гуфт, “бо сабаби ҷангҳои зиёд, тағйироти иқлим, истифодаи фаровони гуруснагӣ ба унвони як силоҳи сиёсиву низомӣ ва пандемияи коронавирус вазъиятро аз гузашта бадтар мекунад ва 270 миллион аҳолии сайёра бо таҳдиди гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд”.

Кумитаи Нобели Норвегия гуфт, ҷоизаи сулҳи Нобел ба Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахши СММ мебошад, ба хотири талошаш дар ҷилавгирӣ аз истифодаи гуруснагӣ ба ҳайси силоҳи ҷанг ва низоъ тақдим мешавад.

Бо сабаби пандемияи коронавирус инчунин зиёфати барандагони ҷоизаи Нобел, ки маъмулан дар Осло бо ширкати барандагони ҷоизаи Нобел дар бахшҳои дигари мисли физикаву адабиёту тиб баргузор мешавад, ҳамчунин бекор шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.