Марзбонони қирғиз хонаи як сокини Сомониёнро тирборон кардаанд

Сокинон талаб карданд, ки интернетро дубора дар Бадахшон барқарор кунанд

Тоҷикони муқими хориҷи кишвар, ба вижа зодагони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ барқарор намудани интернет дар шаҳри Хоруғро тақозо карданд.

Онҳо дар муроҷиатномаи худ навиштаанд, ки қатъи интернет пас аз оғози эътироз дар Хоруғ ҳамчун василаи фишор истифода мешавад.

“Маҳдуд кардани интернет ҳамаи моро, ки дур аз ватан зиндагӣ мекунем, аз муошират бо низдиконамон маҳрум мекунад. Гузашта аз ин, довталабоне, ки нияти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷиро доранд, наметавонанд дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ширкат варзида, онлайнӣ ҳуҷҷат супоранд”– омадааст дар муроҷиатнома.

Дастрасӣ ба интернет пас аз эътирозҳои охири моҳи ноябр дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар ҷараёни амалиёт ниҳодҳои қудратӣ қатъ шуд.

Марзбонони қирғиз хонаи як сокини Сомониёнро тирборон кардаанд

Марзбонони қирғиз шаби 22 ба 23-уми декабр ба хонаи як сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара тир холӣ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара расман ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд, хонаи Муҳаммадҷон Довудов, соати 22:00-и шаб мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давоми рӯз ҳодисаҳои ахири тирпаронӣ дар марзро расман шарҳ медиҳад. Субҳи имрӯз аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло вазъ дар марз, хусусан дар нуқтаҳое, ки ҳодиса сар задааст, муътадил аст.

Дар пайи тирпаронӣ оинаҳои манзили иқоматии ин сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ шикаста, тир то ба хонайи хоб ва деворҳои дигари хона бархӯрдааст.

Як рӯз пеш аз ин ҳодисаи тиркушоӣ, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо Қирғизистон низ тиркушоӣ шуда буд. Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо расонаҳои қирғиз бо такя ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварашон навиштанд, ки зуҳри 22-уми декабр се марзбони тоҷик ба сӯйи мошини «КамАЗ» дар роҳи «Мақсат-Жаштык» тир холӣ кардаанд.

Расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, ки пар пайи ҳодисаи дирӯза нафарони масъули марзбони ҳар ду тараф мулоқот карда, ҳодисаро баррасӣ кардаанд.

“Қазияи Ҳувайдо”: Мурофиа 4 соат давом кард, аммо охирин нашуд

Мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия боз ба рӯзи 29-уми декабр гузошта шуд.   Қарор буд, рӯзи 22-юми декабр охирин мурофиа доир ва гумонбари ин ҳодисаи пурсарусадо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дирӯз, мурофиаи додгоҳӣ баъди чор моҳи таъхир аз сар гирифта шуд, вале бидуни ҳеч натиҷае ба охири моҳ ба таъхир гузошта шуд, хабар додааст падари Ҳувайдо.

Ӯ гуфт, дар ин мурофиа барои ҳимояти онҳо шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия омада буданд  ва умед буд охирин мурофиаи додгоҳӣ мешавад.

Ҳодиса рӯзи 22 июли соли 2018 замоне рух дод, ки Ҳувайдои ғӯрамарг дар назди хонаашон дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад. Ҷасади ӯро субҳи рӯзи дигар дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии он маҳал пайдо кардаанд.

Додраси собиқадори тоҷик, ки ба “қаллобӣ” айбдор мешуд, боздошт шудааст

Эраҷ Ширинзода, додраси собиқи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба “қаллобӣ ва сӯйистифода аз мансаб” айбдор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр ӯро бозхонд намуд ва ба дунбол порлумони Тоҷикистон ӯро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Ширинзода аз як моҳи пеш тафтиш мешуд, вале ӯ дар озодӣ буд. Танҳо пас аз ҷаласаи порлумон ва ризояити вакилон ӯро боздошт карданд.

“Ӯ аз хонаааш дар Душанбе берун намешуд. Ҳарчанд, бо даъвати тафтишот ҳозир мешуд ва нишондод медод. Пас аз бекор шудани дахлнопазириаш ӯро боздошт карданд ва ба Боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол доданд”,–гуфт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Назари пайвандон ва адвокати Ширинзода ба ин қазия маълум нест.

Раиси ДОИШ-и Афғонистонро Шӯрои амнияти СММ таҳрим кард

Кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Саноуллоҳ Ғаффорӣ, машҳур ба Шаҳоб Муҳоҷир – роҳбари ДИИШ дар Афғонистонро дар феҳристи таҳримҳояш қарор дод. Ин тасмим, рӯзи сешанбеи 22-юми декабр аз сӯйи Шӯрои амнияти СММ гирифта шудааст.

Тибқи ин таҳрим роҳбари гуруҳи террористии ДОИШ-и Афғонистон ё шохаи Хуросони ДИИШ мамнуъияти сафар дорад ва дороиҳоя низ таҳти таҳрим қарор мегиранд. Ҳамчунин Шаҳоб Муҳоҷир шомили таҳримҳои таслиҳотӣ аст, ки хариду фурӯши силоҳ бо ӯро СММ манъ мекунад.

Пеш аз ин, Вазорати хориҷаии ИМА, Саноуллоҳ Ғаффориро ҳамроҳ бо ду узви дигари гуруҳи ДОИШ шомили феҳристи ҷаҳонии террористӣ карда буд. Мавлавӣ Раҷаб ва Султон Азиз Аъзам аз саркардаҳои дигари гуруҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон низ шомили феҳристи ин таҳримҳо шудабуданд.

Бар асоси иттилоте, ки СММ пешниҳод кардааст, Саноуллоҳ Ғаффорӣ аз соли 2020 ба ин сӯ, масъулияти раҳбарии ДОИШ-ро дар Афғонистон ба дӯш гирифтааст.

Дар Маскав нархи патент боло меравад

Дар Маскав, пойтахти Русия низ нархи патент ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон аз соли оянда гарон мешавад.

Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав зимни баромадаш дар Думаи шаҳрӣ гуфтааст, нархи иҷозатномаи кор ҳудуди 6 ҳазор рубл дар як моҳ муқарар мешавад. Пештар дар Маскав патент 5 ҳазору 300 рубл буд.

Ба қавли Собянин, ин маблағи муҳоҷирон аз пардохти шаҳрвандони Русия ба маротиб бештар аст. Ӯ ҳамчунин ба он ишора кардааст, ки аз 1-уми январи соли нав назорат аз болои муҳоҷирон вусъат дода мешавад.

Ҳамсинфон шӯхӣ карданду волидон ҷарима мешаванд. Шарҳи видеои “тухмшапак” дар мактаб

Раёсати корҳои дохилиии шаҳри Душанбе видеои пурсарусадои бар сари як хонандаи мактаб тухм шикастани ҳамсинфонашро шарҳ додааст. Ин ҳодиса дар мактаби миёнаи № 55 шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Бар асоси иттилои РВКД Душанбе, ҳодисаи мазкур рӯзи 20-уми декбари соли ҷорӣ, дар дохили яке аз синфхонаҳои мактаби мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур сурат гирифтааст. Пулиси душанбе мегӯяд, ки шахсияти мактабхонҳоро мушаххас карда, ҳамроҳ бо падару модари онҳо суҳбат гузаронида шудааст. Аммо РВКД ба далели ноболиғ будани онҳо аз ифшои шахсияташон худдорӣ кардааст.

РВКД гуфтааст, алайҳи волидайни ин донишомӯзон бар асоси моддаи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол намудаанд.  Ин модда ҷаримабандиро аз 180 то 300 сомонӣ пешбинӣ мекунад.

Сообщение Марзбонони қирғиз хонаи як сокини Сомониёнро тирборон кардаанд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.