Масдуд кардани 1,3 млрд ҳисоби қалбакӣ дар Фейсбук

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъолияти 1,3 миллиард ҳисобҳои ҷаълӣ ва беш аз 100 шабакаи ҳамоҳангшудаи назири “фабрикаҳои ҷавоб”-ро масдуд кардаанд. 

  • Тавре дар навбатии  гузориши шабака  омадааст,  ин  корро модераторҳои Facebook моҳҳои  октябр- декабри соли 2020 анҷом додаанд.
  • “Мо инчунин амалиёти пинҳонии нуфузи хориҷӣ ва дохилиро, ки ба ҳисобҳои қалбакӣ такя мекунанд,  ташхис додем. Дар тӯли се соли охир, мо зиёда аз 100 шабакаи ҳамоҳангшудаи рафтори ғайримуқаррарӣ (CIB)-ро аз платформаи худ хориҷ кардем ва тавассути гузориши моҳонаи CIB мардумро дар бораи талошҳои худ огоҳ сохтем”- омадааст дар гузориш.
  • Маъмурияти Фейсбук иттилоъ додааст, ки  ахбори ҷаълӣ аксар вақт аз ҷониби корбарони инфиродӣ паҳн  мешавад.
  • Тавре аз гузориш бармеояд, айни замон, зиёда аз 80 тими мустақил, ки бо Фейсбук ҳамкорӣ мекунанд,  муҳтавои шабакаро бо забонҳои гуногун мавриди ростиозмоӣ қарор медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони мустақил ҳамоно шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбукро макони аслии паҳнсозии хабарҳои ҷаълӣ ва дужииттилоъот бо аҳдофи гуногун медонанд.
  •  Ин раванд дар паҳнои собиқи Шуравӣ вежагиҳои худро дорад, ки асоситаринаш ташкили шабакаҳои махсус ё ба истилоҳ “фабрикаҳои троллҳо” мебошад, ки аз озодии баён сӯистифода карда, зидди рақибони сиёсӣ, гуногунандешон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ муборизаи иттилоотӣ мебаранд. Дар Тоҷикистон ин шабакаро ҳамчун “Фабрикаи ҷавоб” мешиносанд.

The post Масдуд кардани 1,3 млрд ҳисоби қалбакӣ дар Фейсбук appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.