Масдуд шудани пойгоҳи “Кимиёи саодат” ва хомӯшии гардонандаҳояш

Пойгоҳи интернетии “Кимиёи саодат” пас аз 11 соли фаъолият бо сабабҳои номаълум масдуд шудааст. Вале дастандаркорону манфиатбардорони асосияш Сайидюнуси Истаравшанӣ ва ҲНИТ хомӯширо авлотар донистанд. Чаро? 

  • Ба иттилоъи як манбаъи МедиаМаркер, “Кимиёи саодат” аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон бо талаби мақомоти Тоҷикистон баста шудаасту тақдири ояндаи он ва дастандаркоронаш айни ҳол норӯшан аст.
  • Расона дар Интернет бо домени ksaadat.co дастрас несту масъулони он, ки дар муҳити расонаии тоҷикӣ ҳузури шабонарӯзӣ доранд, дар ин бора баёния нашр накардаанд. Домени дигари пойгоҳ kemya.org аз маҳдуд кардани сомона аз ҷониби гардонандааш иттилоъ медиҳад.
  • Бархе аз матолиби муҳимми пойгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳфаҳои инфиродии гардонандаҳои аслии он бародарон Сайидюнуси Истравшанӣ ва Маҳмудхон Бурҳонов, ки зодаи Тоҷикистон мебошанд, дастрас нестанд.
  •  Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳич кас ҳозир нашуд, ки асли ин қазияро шаҳр бидиҳад, аммо масъули пойгоҳ Сайидюнуси Истаравшанӣ масдуд шудани онро ба ҳуҷуми сойберӣ рабт дод. Ӯ гуфт, “ду моҳ пештар  пойгоҳ ҳак шуд… , аммо бо домени дигар баъди моҳе ё дигар барқарор мешавад”.
  •  Гардонандаи аслии пойгоҳ ба суоли он ки чаро дар ин бора шарҳу баёнияе набуд, гуфт “зоҳиран бардоштаам (онро)…”.  Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳич далели ҳак шудани пойгоҳ вуҷуд надораду барои  барқарор кардани сомонаи ҳакшуда дар шабака зарурат ба тағйири домен нест.
  • Аммо тағйири домен ва номи тарҳ метавонад талоши берун бурдани “Кимиёи Саодат” аз листи расонаҳои аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ифротӣ эълоншуда бошад, ки ба он “Паём.нет”, “Востокнюз” ва “Ахбор.ком” низ ворид шуда буданд.
  • Бояд гуфт, ки ин нахустин мушкили гардонандаҳои “Кимиёи саодат” нест. Моҳи августи соли 2015 сомонаи “Диалог” дар такя ба Радиои “Озодӣ”  иттилоъ дода буд, ки мақомоти ҶИЭ Сайидюнуси Истаравшаниро аз Теҳрон депорт кардаанд, аммо дере нагузашта маълум шуд, ки ин иттилоъ сиҳат надорад. Шоҳидон Сайидюнуси Истравшаниро дар Занҷони Эрон диданд. Аҳдофи паҳн кардани хабари ҷаълӣ аз ҷониби расонаҳои маъруф номафҳум монд.
  • Мавриди зикр аст, ки “Кимиёи саодат” ба муҳити  расонаии Тоҷикистон  дар соли 2009, замоне дохил шуд, ки Тоҷикистон расонаҳои мустақили миллӣ дошту озодии нисбии баён дар кишвар таъмин буд.
  • Ин тарҳи расонаӣ нахуст матолиби фарҳангиву фалсафӣ  нашр мекард, ки теъдоде аз онҳо дар нашрияҳои мустақил ҳам бознашр мешуданд. Аммо бо ҷо уфтодан дар муҳити расонаӣ ва вусъати шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нашри матолиби тарғиботии мазҳабӣ ва мавзеъгириҳои сиёсиро ҳам касб карду таваҷҷуҳи хоса ба ҲНИТ дошт.
  •  Солҳои 2015-2017, замоне, ки раёсати  ҲНИТ расонаҳои зиёд надошт “Кимиёи саодат” минбару Сайидюнуси Истаравшанӣ аз ҳаводорони аслии ин ташаккули сиёсӣ ба назар мерасид.
  • Тадриҷан маълум шуд, ки ин расона нақши пойгоҳи суханпарокании тоҷикии Сипоҳи посбонони Инқилоби исломиро  доро буда, аксари матолиби он дар шакли нигоштаҳои кутоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешуданд.  Фаъолияти пурэҳсос дар даҳ рӯзи аввал пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар Бағдоди Ироқ аз сӯи неруҳои амрикоӣ ин воқеъиятро барои аксарият рушан карду шахсияти гардонандаҳояш маълумтар шуд.
  • Се манбаъи мустақил ба МедиаМаркер тасдиқ карданд, ки  Сайидюнуси Истаравшанӣ нақши пул миёни исломгароёни Осиёи марказӣ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эронро дорад, ки асосан тариқи дастгирии иттилоотӣ ва даъватҳои инфиродӣ ба Эрон амалӣ мешаванд.
  • Нуктаи ҷолиби ин қазия он аст, ки баста шудани як расонаи сиёсии фаъол аз назари расонаҳои мустақили тоҷикӣ,  назири радиои “Озодӣ”, “Ахборком”, “Азия плюс” ва расонаҳои зери назари ҲНИТ  нодида мондааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бастани пойгоҳи хабарии “Ахборком” пӯшиши хабарии густурда дошту боиси пахши баёнияи хосаи ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” гашта буд.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.