Маскав дар вокуниш ба таҳримҳо Ғарбро таҳдид кард, ки “бо оташ бозӣ накунанд”

Дар вокуниш ба таҳрими мақомдорони калони Русия аз ҷониби ИМА ва ИА ба хотири  заҳролуд ва зиндоникунии Алексей Навалний, Маскав Ғарбро ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи 2 март бо нашри изҳороте таҳримҳои тоза ҷоришударо “иқдоми душманона нисбати Русия” номид. Ӯ гуфт, бо сабаби заҳролудкунии Навалний ҷорӣ кардани таҳримҳо “баҳонаи  дахолати идомаёбанда ба умури дохилии мо аст ва мо инро ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳем кард”. Вашингтон 2 март гуфт, ки ҳафт мақомдори Русия, аз ҷумла муовини раиси ситоди президент Владимир Путин таҳрим мешаванд. Дар изҳороти Вашингтон гуфта шуд, ки таҳқиқи ниҳодҳои иктишофии ИМА маълум кард, ки дар паси заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний афсарони ФСБ-и Русия қарор доранд. Қабл аз ин, ИА гуфт, ки  чор мақомдори калони Русия таҳрим мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.