Маскав фишор болои ширкатҳои мухобиротии хориҷиро идома медиҳад

Як гурӯҳ аз вакилони Русия ба парлумони ин кишвар тарҳи нави неверо пешниҳод намуданд, ки ширкатҳои мухобиротии  хориҷиро водор мекунад бахшҳои маҳаллии худро боз кунанд, дар акси ҳол  ҷарима карда мешаванд ва ё фаъолияташон умуман қатъ карда хоҳад шуд. Маскав ҳамин гуна назоратро болои ахборе ки дар интернет нашр мешавад ташдид мебахшад.

Ин тарҳи қонун, рӯзи 21-уми май дар парлумони Русия дар ҳоле тасвиб шуд, ки интернет дар ин кишвар босуръат густариш ёфта, сисаётҳои Кремлинро ба чолиш  мекашонад. Ин аст, ки Владимир Путинро водор кард, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷӯҳ зоҳир кунад.

Соли 2019, Русия қонуни дигареро таҳти унвони “интернети мустиқил” пазируфт, ки ба мансабдорон барои маҳдуд кардан интернет ва дар ҳолатҳои изтирорӣ ҳатто қатъ кардани пайвандҳои фаромарзии интернет бо хориҷа ҳақ медиҳад. 

Александр Хинштейн, раиси кумитаи Думаи Русия оид ба сиёсати иттиллотӣ ва яке аз муалифони тарҳи қонун мегӯяд, пеш аз ҳама қоунуни мазкур ба маълумоти хусусии фаромарзии дахл мекунад.  

Вай мегӯяд, ин қонун ширкатҳои мухобиротии хориҷиро, ки рӯзона дар Русия беш аз 500 ҳазор корбар доранд муваззаф мекунад, филиалҳои худро боз кунанд ва дар баробари қонунгузории Русия масъулият нишон дода бо мақомоти ин кишвар барои рояи он мусоидат кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.