Маскав гуфт, машқҳои низомӣ дар марз бо Украина анҷом шуд. Ғарб гуфт, “мебинем”

Маскав гуфт, ки ба нирӯҳое, ки дар машқҳои низомии ҷануби Русия ва ҳам атрофи нимҷазираи Қрими аз ҷониби Маскав дар соли 2014 ғасбшуда иштирок карданд, амр додаанд, ки ба қароргоҳҳои доимии худ баргарданд. Қароре, ки 22-юми апрел имзо шуд, дар пасманзари афзоиши таниш дар равобити Маскаву Ғарб сурат мегирад. Ғарбу Аврупо аз таҷаммӯи нирӯҳо дар марзҳои шарқии Украина ва Қрим ҳамчун аломати тавсеаи хушунатҳои ҳафт сол пеш шурӯъшуда изҳори нигаронӣ карда аз Русия талаб намуданд, ки низомиёнашро бозпас бикашад. Дар ҷангҳои шарқи Украина миёни артиши ин кишвар ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия то ҳол беш аз 13 ҳазор нафар қурбон шудаанд.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, «ҳадафи санҷиши вазъият пурра иҷро шуд» ва нирӯҳо то 1-уми май ба пойгоҳҳои худ бармегарданд. Вале маълум нест, ки то куҷо амри бозгашти нирӯҳо  ба тамоми низомиёни мустақаршуда дар ин ду қаламрав рабт хоҳад дошт ё на.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар Твиттераш навишт, ки «коҳиши нирӯҳо дар сарҳадҳои мо боиси коҳиши таниш мешавад». Ӯ гуфт, ки Украина дар ҷустуҷӯи сулҳ аст.

Ҳамзамон як мақоми НАТО дар Брюссел гуфтааст, «ҳама гуна иқдоми Русия барои тавсеаи низоъ муҳим ва аз дер боз омодашуда мебошад» ва афзуд, ки муттафиқони ғарбии Украина «бисёр ҳушёр» ҳастанд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки ИМА мебинад, ки то куҷо баъди суханҳои Шойгу Русия чӣ мекунад. Ӯ афзуд: «Мо ин ҳафҳоро шунидем. Ҳоло мебинем, ки чӣ кор хоҳанд кард».

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.