Маскав хост, Вашингтон ба созиши ҳастаӣ бо Теҳрон баргардад

Маскав дар ҳамовозӣ бо Теҳрон аз президенти ИМА Ҷо Байден даъват кард, ки таҳримҳои шадиди иқтисодӣ аз болои Ҷумҳурии Исломӣ бардошта шаванд, то  ки  созиши ҳастаии ин кишвар бо қудратҳо ҳифз ва барномаи ҳастаиаш таҳти назорат бошад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 26-уми январ дар мулоқот бо ҳамкори эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Маскав гуфт, ки аз мавзеъгирии Теҳрон ҳимоят мекунад ва таҳримҳо бояд бардошта шаванд, то ки Эрон ба иҷрои шартҳои созиш баргардад.

Президенти пешин Доналд Трамп соли 2018 аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ шуд ва тирамоҳи он сол таҳримҳои шадиди иқтисодиро нисбати Эрон барқарор кард. Дар натиҷа, Теҳрон тадриҷан аз иҷрои шартҳои созиши соли 2015 имзошуда саркашӣ кард. Ҷо Байден, президенти нави ИМА ваъда додааст, ки Вашингтон дубора ба созиши қудратҳо бо Теҳрон бармегардад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.