Маскав мехоҳад карантини ҳатмии 14-рӯза барои мусофиронро кам кунад

Мақомоти Маскав мехоҳанд вуруди муҳоҷирони кориро  тавассути бекор намудани  14 рӯзи  карантини ҳатмӣ  содда кунанд.  Чунин пешниҳод аз ҷониби муовини шаҳрдори Маскав  Владимир Ефимов садо додааст. Мақомдор мегӯяд, беҳтар аст, ки барои ҳамаи муҳоҷирон карантини ҳатмии ду ҳафтаина бо супоридани ташхиси COVID-19 дар давоми  се рӯзи омадан ба  Русия  иваз карда шавад. Тибқи муқаррароти феълӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия маълумотномаи тиббиро дар мавриди натиҷаи манфии COVID-19 пешниҳод мекунанд. Дар ин баробар онҳо уҳдадоранд, ки муддати ду ҳафта дар карантин бошанд. Ба қавли мансабдори рус чунин талабот  ба муҳоҷирон иҷозат намедиҳад, ки дарҳол баъди омадан аз пайи гирифтани патент ва шурӯи  кор  шаванд.  Муовини шаҳрдор мегӯяд, талаботи мазкур на ба манфитаи муҳоҷир ва на ба корфармо аст.  ​

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.