Маскав панҷ дипломати Полшаро ихроҷ мекунад

Русия панҷ корманди сафорати Полша дар Маскавро ҳамчун як иқдоми ҷавобӣ ба ихроҷи се дипломати рус аз Варшава аз кишвар хориҷ карда онҳоро “персона нон грата” ё шахсони мамнӯъ-ул-хуруҷ номидааст. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи 23-юми апрел  сафири Полша Кшиштоф Краевскиро эҳзор карда дар бораи қарори худ хабар дод. Дар шарҳи ин қарор Маскав гуфт, ки дипломатҳои ихроҷшуда бояд то 15-уми май кишварро тарк кунанд. “Ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки Варшава ба самти боз ҳам бадтар шудани равобити дуҷониба ҳаракат мекунад”, гуфтааст вазорати хориҷаи Русия.   Вазорати хориҷаи Полша рӯзи 15-уми апрел гуфт, ки ба хотири вайрон кардани мақоми дипломатии худ ва фаъолиятҳое, ки ба Полша осеб мерасонанд, се корманди дипломатӣ дар сафорати Русия “персона нон грата” ваё шахсони мамнӯъ-ул-вуруд номида шуданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.