Мастчоҳ: бунёди 535 иншоот ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият

усоҳиба бо раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода)

Муҳтарам Тоҳир Азиззода, дар оғози суҳбат шуморо ба муносибати ҷашни барои ҳамаи тоҷикистониён фархундаву муқаддас — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем.

— Ташаккур, ба шумо ва кулли хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” низ Рӯзи Президент муборак бод. Имсол ин ҷашни барои ҳамаи мо азиз дар рӯзҳое таҷлил гардид, ки шаҳрвандони саодатёри кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду шарифи ноҳияи Мастчоҳ то ҳанӯз дар эҳсоси нишотбахшу ифтихорангези пирӯзии Президенти маҳбуби халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот ва сафари бисёр файзбахши Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Мастчоҳанд, ки 14-уми сентябри соли ҷорӣ доир шуд.

— Воқеан, агар хато накунам, ин сафари шашуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ мебошад

— Бале, Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаш маротиба, солҳои 1994, 1996, 2007, 2011, 2016 ва 2020 ба ноҳияи Мастчоҳ сафарҳои корӣ анҷом доданд, ки аз файзи баракати қадамҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Мастчоҳ даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2011 дар ноҳияи Мастчоҳ калонтарин фабрикаи ресандагии ҶСП “Олим-текстайлз” ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, айни замон ҶДММ “Ангубин” мавриди истифода қарор дода шуд. Барои сохтмон ва таҷҳизонидани ин корхонаи саноатӣ қариб 140 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Дар ин сафари худ ҳамчунин Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Ҷавонӣ”-и ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавиро ба истифода супориданд. Ин муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷет ба маблағи қариб якуним миллион сомонӣ бунёд гардида, ҳамзамон бо ин, барои сохтмони толори варзишии он иловатан 350 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ин муассисаи таълимӣ бо тамоми шароити таҳсил, синфхонаҳои муосири барҳаво, синфи компютерӣ ва утоқҳои омӯзгорон муҷаҳҳаз мебошад ва барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Моҳи марти соли 2016 зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон муассисаи нави таълимиро ба истифода дода, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Ганҷобод санги асос гузоштанд. Бо иштироки Пешвои миллат дар маркази ноҳия маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва дар пояи он Президенти мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамон ифтихор ва ойини ватандории худ пас аз кӯч бастан ба мавзеи нав ва бунёд намудани диёри шукуфову сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии қадимаро ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини тозабунёд овардаанд ва то кунун онҳоро бо беҳтарин ваҷҳ идома медиҳанд. Мардуми Мастчоҳ меросбарони асили фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки маҷмӯи суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо ойинҳои навини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд».

Аз файзи қадами мубораки Президенти мамлакат ба ноҳияи Мастчоҳ 14-уми сентябри соли ҷорӣ даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, саноатӣ, фарҳангию маънавӣ ва таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Имрӯз маркази ноҳия — шаҳраки Бӯстон аз шарофати Президент бо боғи фарҳангию фароғатии «Тоҷикистон», қасри замонавии фарҳанг бо ҳазор ҷои нишаст, варзишгоҳи муосир барои 10 ҳазор нафар, қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ», биноҳои маъмурии маркази адлия, Кумиҷроияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳия, майдони парчами давлатӣ, роҳҳои обод, гулгаштҳои зебо ба бӯстону гулистони даврони Истиқлолият мубаддал гардидааст. Маҳаллаи навбунёди Ганҷобод бо муассисаи замонавии таълимиаш ҳамчун ганҷи меҳру ихлоси созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми ноҳия сокинони онро ба сӯи созандагиҳои бузург раҳнамун месозад. Бунёд ва баҳрабардории корхонаҳои саноатии «Суғдиён-Свердловск», «Нури Сафар» ва дигар тадбирҳои созандаи соҳибкорони ноҳия, ки дар партави дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят, махсусан Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифтанд, аз рушди соҳаи саноати ноҳия башорат медиҳанд. Ҳамзамон, шоистаи зикр ва мояи сарафрозист, ки зимни сафари имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 50 иншоот бо маблағи умумии беш аз 190 млн сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар ифтитоҳи 17 адади он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намуданд.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз калонтарин ноҳияҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад. Мехостем оид ба вазъи соҳаи мазкур дар ноҳия равшанӣ андозед

— Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 тадбирҳои муайянеро ба сомон расониданд. Бо ин мақсад заминҳои корам ба шудгори хушсифат фаро гирифта шуда, 21735 га барои кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ заминаи мустаҳкам фароҳам гардид. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат барои ҳосили соли 2020 сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ гардид, ки тибқи он дар майдони  21735 гектар гузаронидани кишти баҳорӣ, аз ҷумла 1610 га зироатҳои ғалладона, 12400 га пахта, 4081 га зироатҳои равғандор, 244 га сабзавоту картошка, 2300 га полезӣ ва 1100 га зироатҳои хӯроки чорво пешбинӣ гардида буд. Дар ин асно ба ҷамъбасти даҳмоҳаи соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони 76,5 га картошкаи барвақтӣ, 147 га сабзавот, 2129 ғалладонагиҳо, 3066 га зироатҳои равғандор, 2470 га полезӣ, 12008 га пахта ва 1786 га зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд, ки ҷамъи кишти баҳорӣ 21683 гектарро ташкил дод. Дар маҷмуъ, барои ҳосили соли 2020 дар майдони 23082 гектар кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмӯи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба 579 миллиону 173 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки вусъати афзоиш 153 млн 869 ҳазор сомонӣ ё худ 122,3 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ низ бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст гардид. Аз он ҷумла, дар ин давра истеҳсоли ғалла ба 10091,7 тонна, картошка 3250 тонна, сабзавот 11514,5 тонна, полезӣ 65805 тонна, меваҷот 953 тонна, хӯроки чорво дар ҳаҷми 31907 тонна воҳиди хӯрока истеҳсол карда шуд, ки вусъати афзоиш аз 127 то 169 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи чорводорӣ бошад, истеҳсоли гӯшт ба 1903,9 тонна, шир ба 12942,6 тонна, тухм ба 29 миллиону 160,5 ҳазор дона, пашм ба 94,2 тонна расонида шудааст, ки вусъати афзоиш аз 101 то 169 фоизи даҳ моҳи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Боиси зикр аст, ки барои ҳосили соли 2020 нисбати соли 2019 дар ноҳия шумораи гармхонаҳои доимоамалкунанда 32 адад зиёд гардид, ки ҷамъи умумии онҳо ба 151 адад расонида шуд. Вобаста ба ин, дар ин давра инчунин истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ аз гармхонаҳо ба 343 тонна баробар гардид, ки 116 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар майдони 130 га кишти шолӣ гузаронида шуда, аз ин миқдор замин 975 тонна шолӣ ҷамъоварӣ гардид.

Кишти такрорӣ низ босуръат афзоиш меёбад. То имрӯз дар майдони 1540 га (дар ҳамин давраи соли 2019-ум 670 га) кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта аз як баробар бештар аст.

Бо ифтихор аз меҳнати софдилонаи кишоварзони шуҳратёри мастчоҳӣ, махсусан хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ёдовар мешавам, ки ноҳияи Мастчоҳ дар миқёси шаҳру навоҳии вилояти Суғд аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро сарбаландона ва барзиёд иҷро кард. Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4-уми ноябри соли ҷорӣ пахтакорони ноҳия ба ҷои 27430 тоннаи нақша 27439 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,1 дарсадро ташкил медиҳад. То имрӯз низ сокинони ноҳия барои ҷамъоварӣ намудани боқимондаи дастранҷи кишоварзон фаъолона иштирок мекунанд ва хирмани пахтаи ноҳияро ғанӣ мегардонанд. Дар маҷмуъ, ба санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ 28150 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 102 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

— Саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳимтарини давлат мебошад. Вобаста ба рушди саноат дар ноҳияи Мастчоҳ кадом тадбирҳо амалӣ мешаванд?

— Дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаву пешбарандаи  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат низ рӯз аз рӯз рушд мекунад. Далели ин гуфтаҳо муқоисаи вазъи дирӯз ва имрӯзи ноҳия, афзоиши корхонаҳои саноатӣ ва бештар шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо мебошад. Масалан, агар дар соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ 2 корхонаи саноатӣ, яке заводи пахтатозакунии Бӯстон ва дигаре матбааи ноҳия мавҷуд бошад, имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии ноҳия зиёда аз 30 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 22 адади он корхонаҳои калон ва 8 ададашро корхонаҳои хурд дар бар мегиранд. Аз 22 адад корхонаҳои калони саноатии ноҳия 10 адади он ба коркарди пахтаи хом, 4 адад ба истеҳсоли равғани растанӣ, 3 адад ба истеҳсоли ғишт, 1 адад ба истеҳсоли семент, 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, 1 адад ба истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ сарукор дошта, инчунин дар ноҳия фабрикаи ресандагӣ ва матбаа ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул мебошанд. Аз 10 адад корхонаҳои хурд 3 адади он ба истеҳсоли дару тирезахои пластикӣ, 3 адад ба истеҳсоли хишти блок, 2 адад ба истеҳсоли хишти пухта, 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ машғул мебошанд. Дар маҷмуъ, дар корхонаҳои саноатии ноҳия зиёда аз 30 номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Дар соли 1991 агар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 14 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 240 миллиону 694 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки он 16,4 маротиба зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, корхонаҳои саноатии ноҳия фақат дар нуҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 124 млн 294 ҳазор 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 855 ҳазору 700 сомонӣ зиёд буда, 108,6 фоизро дар бар мегирад.

Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра дар шакли асл 402,8 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 358,4 тонна маҳсулоти ширӣ, 115 тонна орд, 40,5 тонна сабӯс, 92,5 тонна равғани растанӣ, 402,8 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 692,6 тонна калобаи ришта, 5,1 ҳазор метри мураббаъ матои адрас, 5,1 ҳазор метри мураббаъ газворҳои гуногун, 54884 тонна семент, 4210,4 метри мураббаъ маҳсулот аз пластикаи филизӣ, 237,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 320,6 ҳазор дона маҳсулоти нашриётӣ, 120,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот аз чӯб, 4139,6 ҳазор дона маҳсулоти пластмассагӣ, 18,4 тонна халтаҳои полиэтанӣ истеҳсол намудаанд.

Тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия 5 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ду адад — корхонаи чӯчаистеҳсолкунии “Суғдиён-Свердловск” ва корхонаи истеҳсоли рекгу шағал — ҶДММ “Чорҷӯй” сохта ба истифода дода шуданд, ки гувоҳи рушди устувори соҳаи саноат дар ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

— Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки пандемияи короновируси COVID-19 башариятро ба ташвиш овардааст, соҳаи тандурустии ноҳия дар кадом ҳолат аст? Оё барои табобати гирифторони ин беморӣ беморхонаҳои ноҳия шароити мусоид доранд?

— Дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, махсусан дар шароити имрӯзаи густариши пандемияи COVID-19 пайваста таваҷҷуҳ зоҳир ва тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин самт ва баҳри татбиқи амалии барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои муайян ба иҷро расиданд.

Дар ноҳия ҳамагӣ 50 адад муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 1 адад беморхонаи марказии ноҳиявӣ бо 275 кат, 4 адад беморхонаҳои минтақавӣ бо 310 кат, 1 адад маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сил бо 25 кат, 1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 11 адад марказҳои саломатии деҳот, 17 адад бунгоҳҳои саломатӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 4 адад марказҳои махсусгардонидашуда дар заминаи Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ мебошанд.

Дар ин давра бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру азнавсозии куллии беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор оғоз гардида, то кунун ба маблағи 1,6 млн сомонӣ корҳои таъмиру тармим анҷом дода шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии ноҳия аз тарафи буҷаи ноҳия ба маблагӣ 476 ҳазор сомонӣ равона карда шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо пурра маркази саломатии ноҳия, беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон ба кормандони соҳаи тандурустӣ корвони 7 адад нақлиёт бо маводҳои хӯрокаву доруворӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ворид гардид, ки ба кормандони соҳа ва эҳтиёҷмандон тақсим карда шуданд. Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд 1 адад дастгоҳи нафаскашӣ ва аз тарафи ташкилоти байналхалқии “Ҳилоли Аҳмар” низ 2 адад кондитсионер ва чунин дастгоҳ тақдим гардид, ки имрӯз ин таҷҳизоти муосир ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд.

Вобаста ба қисми дуюми саволи шумо бо итминон изҳор медорам, ки сатҳи касбияти табибони мо ва шароити беморхонаҳои ноҳия барои пешгирӣ ва табобати беморон, аз ҷумла гирифторони короновирус дар сатҳи даркорӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи имрӯза аст.

— Муҳтарам раис, ҳар як ноҳия вобаста ба худ мушкилоти хос низ дорад. Дар Мастчоҳ мардум аз кадом мушкилот азият мекашанд?

— Ишораи шуморо дарк кардам, аммо бояд гуфт, ки вазъи зиндагии мардум бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муззами миллат рӯз аз рӯз беҳтар мешавад, сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад. Ба ихтиёри деҳқон додани заминҳои кишоварзӣ ва дастгирии ҳаматарафи давлат ба онҳо, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои рушди устувор мебошад. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ шаҳраки нав бо номи Ганҷобод бунёд гардида, эҳтиёҷоти аҳолиро ба заминҳои наздиҳавлгиӣ то андозае қонеъ кард. Бо вуҷуди ин хонаводаҳое, ки дар як хона аз 4 то 5 оила зиндагӣ мекунанд, кам нестанд. Итминони комил дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ба дигар эҳтиёҷмандон ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Суғдиён ҳалли худро меёбад ва оилаҳои ниёзманд соҳиби манзил мешаванд. Пурра таъмин набудани маҳаллаҳои навбунёди ноҳия бо оби нӯшокӣ ва полезӣ мушкилоти дуюми сокинони ноҳия маҳсуб меёбад. Дар ин самт низ мо тадбирҳои заруриро андешидаистодаем ва кӯшиш менамоем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мардум бо об таъмин шаванд.

— Барои дар сатҳи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ чӣ нақшаҳо амалӣ мешаванд?

— Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беназиртарин неъматҳост, ки сиёстамадори ҷасуру тавоно ва худшиносу ватандӯст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати ҳазор сол аз бедавлатӣ азияткашидаи мо эҳдо кард. Мардуми шарифи ноҳия бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони Истиқлолият баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти маҳбуби худ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талош ва қудрату нерӯи созандагии худро равона намуда, дар ободии Ватани биҳиштосоямон саҳми шоиста мегузоранд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 535 иншоот сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин радиф, то имрӯз 397 иншоот, аз ин шумора дар даҳ моҳи соли равон ба ҷои 197 иншооти ба нақша гирифташуда 239 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 122%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 5 муассисаи таълимӣ, 2 адад кӯдакистони хусусӣ, 5 маркази саломатӣ, 11 майдончаи варзишии замонавӣ, 3 маркази хизматрасонӣ, тӯйхонаи муосир, 18 адад чоҳҳои амудӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд гардида, 17,3 км роҳҳо пурра мумфарш карда шуданд.

— Барои амалӣ намудани чунин нақшаҳои неку созанда, татбиқи сиёсати пешбарандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноил шудан ба дастовардҳои беҳтару бештар дар соли 2021 ба шумо ва кулли сокинони ноҳия барору муваффақиятҳои беназир мехоҳем. Ташаккур барои як суҳбати ошкору самимӣ.

Саломат бошед! Ба кулли хонандагони арҷманди “Фараж” низ саломтию сарбаландӣ таманно мекунам.

Мусоҳиб: М. ПОЧОЗОДА

Сообщение Мастчоҳ: бунёди 535 иншоот ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.