Матбуот: Дар Русия бо ширкати тоҷикҳову чечентаборҳо муноқиша бархост

Як нашрияи русӣ мегӯяд, дар пайи занозании гурӯҳӣ ва тирпаронӣ дар шаҳри Санкт-Петербург даҳ нафар аз зодагони Тоҷикистон ва Чеченистон боздошт шудаанд.   “Комсомольская правда” менависад, ки задухӯрд шоми 9-уми апрел дар маркази тиҷоратии “Пик” рух дод ва шоҳидони ҳодиса  пулисро даъват кардаанд. Нашрия менависад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи ҳодиса тирҳои резиниро пайдо намуданд.

Лаҳзаи занозанӣ  дар камераҳои назоратии маркази тиҷоратӣ  сабт шудааст.  Дар бораи он ки чанд тан аз боздоштшудаҳо тоҷиконанд, дақиқ гуфта намешавад. Як тан   аз ширкатдорони муноқиша бо корд маҷрӯҳ ва бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Нашрия мегӯяд, ки чор тан аз дастгиршудаҳоро барои муайян кардани чораи пешгирикунанда ба додгоҳ интиқол дода, боқимондаро раҳ намуданд. 

Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса тавассути манобеи дигар феълан дастрас нест.

Дар Русия, ки макони кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, гоҳо дар бораи задухӯрдҳои гурӯҳии қавмӣ хабарҳо нашр мешавад. Ба қавли нозирон, аксар вақт сабаби муноқишаву бархӯрдҳо тақсими бозор ё даромадҳои тиҷоратӣ мебошад, чун дар бисёр ҳолатҳо нуқтаву маконҳои тиҷоратӣ зери назари ғайрирасмии гурӯҳҳои муайян қарор доранд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.