Матбуот: Иморот Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои “сабз” ворид кард

Шурӯъ аз 25-уми апрел он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Иморати Муттаҳидаи Арабистон сафар мекунанд, аз карантини ҳатмии 10-рӯза озод мешаванд. Дар ин бора матбуоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар медиҳад. Тоҷикистон дар баробари Русия ва Узбекистон  ба руйхати кишварҳои “сабз” аз назари пандемия дохил карда шуданд. Аммо мусофирон бояд бо худ ҳатман ташхиси манфии COVID-19-ро дошта бошанд. Ташхиси такрорӣ баъди вуруд ба кишвар супорида мешавад. Дар айни замон, Тоҷикистон талаботро нисбати мусофироне, ки аз  Истанбули Туркия ва Кобули Афғонистон меоянд, сахттар кард. Мусофирони ин  хатсайрҳо бояд аз санҷиши махсус  гузашта,  инчунин  аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд. Ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки то маълум шудани натиҷаи ташхсис се руз дар карантини хонагӣ  бимонанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.