Матбуот: Намози Иди Рамазон дар Маскав дар чор масҷид барпо мешавад

Дар иди  Рамазон мусулмонони шаҳри Маскав танҳо дар чор масҷиди пойтахти Русия метавонанд намоз гузоранд. Дар ин бора ба хабаргузориҳои русӣ Албир Крганов, раиси Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон дар Русия итилоъ додааст. Ба қавли ӯ ҳарчанд нисфи муҳоҷирон ба ватанҳояшон рафатанд, вале шумораи мусулмонҳое, ки доимӣ дар Маскав зиндагӣ мекунанд,, зиёд аст. 

Ба гуфтаи Крганов, иди Рамазонро дар ин шаҳр  ҳудуди 250 ҳазор нафар таҷлил хоҳанд кард. Аммо намозгузорӣ  танҳо дар чаҳор масҷид, яъне масҷиди Ярдам дар кӯчаи Хачатурян, масҷиди кӯчаи Татарская, масҷиди ҷомеи Маскав дар Проспект Мира ва инчунин дар масҷиди Поклонная Гора иҷозат дода шудааст. Крагнов таъкид кард, равуои мошинҳо дар  аксар кӯчаҳое, ки дар наздикии ин масҷидҳо қарор доранд, барои бехтараии ҳаракат баста хоҳад шуд.   

Иди Рамазон имсол 14-уми май баргузор мешавад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.