Матбуот: Русия дар талоши таъмини Эрон бо маҳвораи пешрафта аст

Нашрияи Washington Post дар нақли қавл аз мақомоти собиқ ва амалкунандаи ИМА ва Ховари Миёна навишт, ки Русия ба таъмини Эрон бо системаи пешрафтаи маҳвораӣ омодагӣ мебинад, чун ин система ба Эрон тавони беҳтари назорат аз минтақа ва фаротар аз онро фароҳам хоҳад кард. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки маҳвораи навъи Kanopus-V ва ҳам дурбинҳои бисёр пурқудраташ дар давоми чанд моҳи дигар насб мешаванд.

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки талошҳои байналмилалӣ барои дубора ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ водор кардани  Эрон идома дорад. Рӯзи 16-уми июн дар Женева қарор аст  инчунин нахустин гуфтугӯи президенти ИМА Ҷо Байден ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин барпо шавад.

Байден, ки аллакай сафари аврупоии худро шурӯъ кардааст, аз нуфуз ва фаъолиятҳои Русия ҳамчун таҳдид ба низом ва амнияти байналмилалӣ  ҳушдор дод. Washington Post навишт, ки вазорати хориҷаи Русия ба дархости шарҳи ин хабарҳо посух надод.

Низомиёни эронӣ дар талоши ин ҳастанд, ки як таҷҳизоти бисёр қавиро ба мадор бароранд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта маҳвораи “Нур-1” бомуваффақият ба мадор баромад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.