Матбуот: Тоҷикистон бо Русия афзоиши парвозҳоро машварат мекунад

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, барои роҳандозии парвозҳо ба минтақаҳои мухталифи Русия бо мақомоти рус гуфтугӯ доранд. Дар ин бора раҳбари оҷонсӣ Икром Субҳонзода дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои русӣ хабар додааст. Субҳонзода гуфтааст, ки  Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки аз моҳи июни имсол барои рафтуомади ҳавоӣ аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон иҷозат дода шавад. Русия гуфтааст, ин масъаларо меомӯзад. Қаблан Оҷонсии нақлиёти ҳавоии Русия рӯйхати ширкатҳоеро, ки барои ташкили парвозҳо ба Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа роҳхат гирифтаанд, нашр кард. Парвозҳо ба ин шаҳрҳои Тоҷикистон аз Маскав, Новосибирск, Перм, Астрахан, Красноярск, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа ва Кемерово сурат хоҳанд гирифт.

Ҳукумати Русия ҳафтаи гузашта гуфт, ки  аз 1-уми апрел ба парвозҳои доимӣ бо Тоҷикистон иҷозат медиҳад. Парвози нахустин дар масири Маскав – Душанбе-Маскав рӯзи 2-юми апрел аз ҷониби ширкати Utair анҷом мегирад. Ширкати “Сомоэйр” ҳар ҳафта рӯзи сешанбе тариқи ин хатсайр парвоз хоҳад кард. Тибқи қарори мақомоти тоҷик, нархи билети рафту баргашт миёни Тоҷикистону Русия набояд аз 450-500 доллар зиёд шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.