Матбуот: Як раҳбари мухолифони Беларусро рабуданд

Як узви баландпояи Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони Беларус аз ҷониби афроди ношинос рабуда шуд. Чандин расонаи хабарӣ рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки Мария Колесникова рабуда шуд. Вебсайти Tut.by ҳарфҳои як шоҳидеро нашр кардааст, ки худро бо номи Анастасия муаррифӣ карда мегӯяд, ки дидааст чӣ гуна Калесниковаро мардоне бо либоси мулкӣ дар тан зӯран ба микроавтобусе бо навиштаҷоти “Алоқа” андохта ба самти номаълум бурданд. Ин шоҳид гуфтааст, ки ҳодиса дар маркази шаҳри Минск дар наздикии осорхонаи ҳунарҳои миллӣ  рух дод. Tut.by мегӯяд,  Калесникова ба телефони дастиаш ҷавоб намедиҳад. Волга Чамаданова, сухангӯи вазорати умури дохилии Беларус дар тамоси хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қазияро шарҳ намедиҳад. Калесникова раиси ситоди интихоботии собиқ бонкдор Виктор Бабарика мебошад, ки пеш аз интихоботи рӯзи 9-уми август бо иттиҳоми муомилаҳои ғайриқонунии молӣ боздошт шуд. Баъди ин қазияи ба гуфтаи тарафдорони Бабарика сиёсӣ, Калесникова ба тими интихоботии дигар номзади интихоботӣ Светлана Тихановская пайваст. Дар интихоботи рӯзи 9-уми август президенти дарозмур Александр Лукашенко баранда эълон шуд, вале мухолифон ва бисёр сокинони оддӣ бовар доранд, ки интихобот ба фоидаи Лукашенко тақаллуб шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.